Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХАЛИФАЕВ Ҷумъа

ХАЛИФАЕВ Ҷумъа

ХАЛИФАЕВ Ҷумъа (таваллуд 1930, деҳаи Қистакӯзи раёни Хуҷанди вилояти Ленинобод), пахтакор, Қахрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1948). Аъзои КПОС аз соли 1960. Соли 1952 Омӯзишгоҳи хоҷагии қишлоқи Ленинобод ва соли 1957 Институти хоҷагии қишлоқи шаҳри Тошкентро хатм кард. Солҳои 1944—48 колхозчи ва сардори звенои пахтакории комсомолону ҷавонони колхози ба номи Димитрови раёни Чкалов (ҳоло колхози ба номи Домулло Азизови раёни Хуҷанд), 1957— 68 сарагрономи МТС-и 2-юми раёни Регар, сарагроном, директори совхози «Ленинобод», сарагрономи совхози «Комсомоли Тоҷикистон» ва аз соли 1968 сардори участкаи хоҷагии сабзкории раёни Зафаробод. Солҳои 1964— 66 аъзон Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон. Бо ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

А. Махсумхонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …