Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Халиҷи Форс

Халиҷи Форс

ФОРС (халиҷи Форс), халиҷест дар шимолу ғарби уқёнуси Ҳинд, дар байни соҳилҳои Эрон ва ниммҷазираи Арабистон. Дар шарқ ба воситаи гулугоҳи Ҳурмуз ва халиҷи Уммон бо баҳри Араб пайваст шудааст. Масоҳаташ 239 ҳазор км3. Тӯлаш 926 км, бараш аэ 180 то 320 км, чуқуриаш то 102 м. Дар назди соҳилҳо ҷазираҳои хурд ва дар қисми ҷанубӣ рифҳои марҷони воқеъ гаштаанд.

xaliji-fors

Ҷазираҳои калонтаринаш; Баҳрайн ва Кишм. Ба халиҷи Форс дарёи Шаттулараб мерезад. Ҳарорати об август 30—33*0, феврал 15—21°С: Шӯрии об 30—40%о. Ҷараёнҳо акси гашти ақрабаки соат ҳаракат мекунанд. Сокинони атроф аз халиҷи Форс моҳӣ ва гавҳар мегиранд. Дар қаър ва ноҳилҳои ҳамшафати халиҷи Форс нефт фаровон аст. Бандарҳои асосиаш: Фао, Басра (Ироқ), Ободон, Бандари Шопур, Бандари Мошаҳр, Харк (Эрон), Ал-Кувайт, Ал-Аҳмадӣ (Кувайт), Раъс-Таннура (Арабистови Саудӣ), Манома (Баҳрайн), УммСаид (Қатар), Абӯзабӣ (Аморатҳои Муттаҳидаи Араб).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …