Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХАЛФИН Нафтула Аронович

ХАЛФИН Нафтула Аронович

ХАЛФИН Нафтула Аронович (таваллуд 18. 10. 1921, Киев), муаррих ва шарқшиноси советӣ, доктори илмҳои таърих (1962), профессор (1973). Аз оилаи коргар. Соли 1942 факултети филологияи Институти педагогии Осетияи Шимолиро хатм кавд. Аз соли 1957 дар Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои СССР кор мекунад. Тадқиқоти Xалфин ба масъалаҳои сиёсати Россияи подшоҳи дар Осиёи Миёна ва давлатҳои ҳамҷавори он дар нимаи дуюми асри 19— аввали асри 20, таърихи ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон ва аҳамияти прогрессивии он, сиёсати мустамликадории Англия дар Шарқи Миёна, таҷовузи Британияи Кабир ба Афғонистон ва ғайра оид аст. У муаллифи зиёда аз 100 асари илмӣ ва илмию оммави мебошад. Бо медали «Барои меҳнати шоён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» мукофотонида шудааст. А. Қушматов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …