Маълумоти охирин

ХАЛҚ

ХАЛҚ 1) дар маънои васеъ тамоми аҳолии мамлакати муайянро гӯянд. 2) Дар материализми таърихӣ умумияти иҷтимоию синфии одамонро гӯянд, ки дар марҳилаҳои гуногуни инкишофи таърихӣ аз рӯи мавқеи объективиашон дар ҳалли вазифаҳои инкишофи прогрессивии ҷамъият иштирок карда, худ эҷодкори таърих, қувваи асосии дигаргунсозандаи ҷамъият мебошанд. Марксизмленинизм аввалин бор роли оммаи халқро дар таърих муайян кардааст. Асоси иҷтимоию синфни халқро офарандагони неъматҳои моддӣ, меҳнаткашон ташкил меднҳалд.

xalk

Дар ҷамъияти ибтидоӣ, вақте ки синфҳо ҳоло вуҷуд надоштанд, мафҳуми халқ ва аҳолӣ бо ҳам мувофиқ буданд. Дар ҷамъияти синфию антагонистӣ мафҳуми. Xалқ қисми буржуазияи миллӣ ва дигар табақаҳои иҷтимоиро, ки дар ҳаракати озодихоҳии зидди империализм иштирок доранд, низ дарбар мегирад. Марксизм-ленинизм аввалин бор маэмуни иҷтимоии мафҳуми Х.-.ро ошкор сохта собит кард, ки хусусияти халқ дар зинаҳои мухталифи таърих тағйир меёбад. Синфи коргар ва пешоҳангн он — партияи коммуиистӣ ифодакунандан босуботи манфиатҳои халқ мебошанд. Дар ҷамъияти сосиалистӣ ба халқ хамаи аҳолии мамлакат, яъне синфи коргар, деҳқон ва интеллигенсия дохил мешаванд. 3) Шаклҳои мухталифи умумияти этникӣ (авлод, қабила миллат); дар шароити сосиализмл мутараққӣ дар СССР — халқи советӣ. К. Ҷамолов, В.Зайченко.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …