Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХАЛҚИЯТ

ХАЛҚИЯТ

ХАЛҚИЯТ, умумияти таърихан ташаккулёфтаи забонӣ, территориявӣ, иқтисодӣ ва мадании одамонро гӯянд, ки пеш аз миллат ба вуҷуд меояд. Ташаккули халқият аз давраи муттаҳидшавии қабилаҳо ибтидо мегирад. Он дар натиҷаи омезиши қабилаҳо ба вуқӯъ омада, алоқаи хешутабории одамон ба робитаи территориявӣ табдил меёбад. Xалқият одатан аз чанд қабилаи аз ҷиҳати пайдоиш ва забон ба ҳам наздик ва ё аз қабилаҳои гуногунзабон дар натиҷаи як қабиларо тасарруф намудани қабилаи дигар ба вуҷуд меояд.

xalk
Дар ҷараёни ташаккули халқият забони яке аз ҷузъҳои этники (нисбатан сершумор е бештар инкишофёфта) ба забони умумии халқият табдил меебад, забони кабилаҳои дигар бошад, дар шакли шева ё лаҳҷа боқӣ мемонад ва баъзан тамоман аз байн меравад; умумияти территориявӣ, маданӣ ва хоҷагӣ бо як номи умумӣ ташаккул меёбад. Масалан, ба ақидаи акад. Б. Ғафуров, просессҳои этникие, ки аз давраҳои қадим дар Осиёи Миёна сурат мегирифтанд, боиси пайдоиши суғдиён, хоразмиён, фарғонагиҳо, тахористониҳо барин халқиятҳои гуногун гардиданд ва ҳар кадомашон соҳиби маданияти худ буд.
Пайдоиши давлат ба мустаҳкамшавии халқият мусоидат намуд. Вале дар ҷараёни инкишофи Таърихӣ халқиятҳо баъзан метавонистанд бо давлат аз ҷиҳати территория ва забон мувофиқат накунанд. (Масалан, халқиятҳои Осиёи Миёна дар ҳайати Хилофати араб).
Дар натиҷаи инкишофи муносибатҳои капиталистӣ ва пурзӯр шудани робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ халқиятҳо ба миллатҳо табдил меёбанд. Дар СССР баъзе халқиятҳо (тоҷикон, туркманҳо, қирғизҳо ва монанди инҳо) марҳалаи капиталнстии инкишофро аз сар нагузаронда, ба миллат табдил ёфтаанд. Маъмулан баъзе халқҳои камшуморе, ки дар як территория зиндагӣ мекунанд (як қисми халқҳои Шимол, Доғистои ва ғайра) ба халқият мансуб дониста мешаванд.
Барҳам хӯрдани системаи мустамликадории импернализм ва истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани бисёр мамлакатҳои Осиёву Африка просесси муттаҳидшавии этникӣ ва суръати худшиносии миллиро тезонид. Аз гурӯҳҳои этникии территориявии қабилавӣ халқият ва миллатҳои нав ташаккул меёбанд.
С. Ҷононов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …