Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХАЛҚИ СОВЕТӢ

ХАЛҚИ СОВЕТӢ

ХАЛҚИ СОВЕТӢ, умумияти сифатан нави таърихии иҷтимоию интернасионалии одамони СССР, ки ба умумияти Ватани сосиалистӣ, иқтисодиёти сосиалистӣ, таркиби иҷтимоию синфӣ, ҷаҳонбинии марксистию ленинӣ ва мақсаду мароми ягона — сохтмони коммунизм асос ёфтааст; аввалии бор дар таърих дар натиҷаи дигаргуниҳои сосиалнстӣ дар заминаи ба ҳам наздик шудани ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ баробарии ҳақиқию ҳуқуқии ҳамаи миллату халқиятҳои СССР ба вуҷуд омад. Xалқи советӣ коллективи сермиллати моҳнаткашони шаҳру қишлоқро дар бар мегирад, ки он дорои умумияти сохти сосиалистӣ, идеологияи марксистию ленинӣ, идеали косимунистии синфи коргар, принсили интернасионализм мебошад.

xalki-soveti
Дар натиҷаи пайдоиши Xалқи советӣ психологияи сифатан нави одамон ташаккул ёфт, кн он ягонагии диалектакии унсурҳои интернасионалӣ ва миллиро ифода мекунад. Партияи Коммунистӣ ва Давлати Советӣ таъмин намудани таносуби дурусти манфиатҳои миллию хусусӣ ва умумисоветиро яке аз омилҳои боэътимоди мустаҳкам кардаии дӯстию бародарӣ, хамкорию ёрии байниҳамдигарии Xалқи советӣ медонаид. С. Чононов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …