Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХАЛҚЧИГӢ

ХАЛҚЧИГӢ

ХАЛҚЧИГӢ, идеология ва ҳаракати интеллигенсияи разночинӣ дар давраи буржуазӣ-демократии муборизаи озодихоҳӣ дар Россия (1861— 95). Манфиатҳои деҳқононро ифода мекард, муқобили крепостнойчигӣ ва тараққиёти капиталистии Россия, тарафдори бо роҳи револютсияи деҳқонон сарнагун кардани мутлақият буд. Xалқчигӣ як навъи утопияи сосиалистии деҳқонӣ ва ҷамоатӣ буд. Аз ибтидои солҳои 60 ду равия — революсионӣ ва либералӣ ҷудо шуд. Асосгузоронаш А. И. Герсен, Н. Г. Чернышевский, идеологҳояш М. А. Бакунин, П. Л. Лавров, П. Н. Ткачёв буданд. Ташкилотҳои асосии халқчигӣ дар солҳои 1860— 80— ишутиниҳо, чайковиҳо (ташкилотчиёни «ба байни халқ рафтан»), «москвагиҳо», «Замин ва озодӣ», «Чёрный персдел», «Озодии халқ». Аз нимаи дуюми солҳои 80 асри 19 халқчигӣ ба бӯҳрон гирифтор шуд, таъсири халқчигии либералӣ афзуд.— халқчигии либералӣ зидди марксизм баромад (Н. К. Михайловский ва диг.). Солҳои 90 асри 19 Г. В. Плеханов, В. И. Ленин, марксистони рус халқчигиро аз ҷиҳати идеявӣ торумор кардаанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …