Маълумоти охирин
Главная / Биология / ХАЙЗУРОН

ХАЙЗУРОН

ХАЙЗУРОН, хайзарон, хизурон, найи ҳиндӣ, табошир, бомбу, бомбук, як навъ гиёҳи хӯшадори дарахтмонандест, ки аз он табошир мегиранд; як ҷинс (Ваmbusa) ва зероилаи гиёҳҳои яксола ва бисёрсолаи хӯшадор — хайзурониҳо (Ваmbusoidae)-ро гӯянд. Аксари ҳайзурониҳо реша, поя доранд. Пояи онҳо одатан чӯбмонанд ва банд-банд мешавад. Хайзурониҳои Америкаи Ҷанубӣ (Ваmbusa) то 30 м (диаметри пояашон то 20 см) ва Осиёи Ҷанубӣ (Dendrocalamus) то 40 м қад мекашанд. Баъзе хайзурониҳо дар як шаборӯз то 1 м месабзанд.

taboshir

Хайзурониҳое, ки пояи чӯбмонанд доранд, дар 30— 120 сол як маротиба гул мекунанд ва баъд одатан нобуд мешаванд (монокарпик); хайзурониҳои дигар ҳар сол мешукуфанд (поликариик).
Тақрибан 50 ҷинс (600 намуд)-и хайзурониҳо маълуманд. Аксар дар ноҳияҳои тропикӣ ва субтропикии Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, галаҷазираи Малай, инчунин Африка ва Америка мерӯянд. Дар СССР (ҷазираҳои Курил, Сахалин) низ якчанд намуди хайзурониҳо месабзанд. Дар соҳили баҳри Сиаҳ (асосан Кавказ) қариб 20 намуди онҳоро мепарваранд. Хайзурон гиёҳи доруӣ, ороишӣ ва техникист. Назар ба гуфти Закариёи Розӣ ва Абӯрайҳони Берунӣ аз мағхи хайзурон табошир мегирифтаанд, ки навъҳои гуногун доштааст ва онро аз Ҳиндустон меовардаанд. Абӯалии Сино бо табошир иллати дил, меъда ва ғайраро табобат мекардааст. Аз пояи чӯбмонанди хайзурон хона, мебел, ғулбаи обгузар, сабад ва ғайра месозанд; навдаи навхез ва тухмашро дар таом истеъмол мекунанд. Мағзи навдаи хайзурон шираи ширин («қанди хайзурон») дорад. Манучеҳрӣ гуфтааст:
Маи заъфарон хӯр зи дасти буте,
Ки гуӣ қазибест аз хайзурон.
Адабиёт: Гинкул С. Г., Бамбуки и их культура в СССР, Батуми, 1938; Жизнь растений, том 5(1), Москва, 1980.
М. Хоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …