Главная / Илм / ХАЙР ва ШАР

ХАЙР ва ШАР

ХАЙР ва ШАР, аз мафҳуасҳоп муҳими фалсафаи амалии Шарқ буда, дар таърихи афкори маънавии тоҷикон нақши равшане дорад: дар таълимоти зардуштия ва монавия муҳимтарин категорияи ахлоқист. Дар Авесто ҳамаи мавҷудот ба ду қутби муқобил — олами хайру олами шар тақсим шуда, рамзи олами хайр нур ва олами шар зулмат дониста шудааст. Дар таълимоти дуалистӣ (санавият)-и зардуштия олами нур ва хайру адолат дар шахси Ҳурмуз ва олами зулмат ва шарру разолат дар шахси Аҳриман зоҳир шуда, муборизаи оштинопазири қушваҳои некию бадӣ оғоз ефтааст. Дар муборизаи Ҳурмуз ба муқобили Аҳриман ва ёроли бади у (девон) шаш эзиди неки Ҳурмуз, ки дар Авесто бо номи «имшоспандон» ёд шудаанд, ёрӣ мерасонанд. Табиатан қувваҳои хайри Ҳурмуз рӯҳи созанда ва қувваҳои шарри Аҳриман рӯҳи харобкунанда доранд. Дар Авесто Зардушт одамонро ба муборизаи зидди қувваҳои шарру зулмат даъват намуда, барои пирӯзӣ ва осоиши абадии онҳо сифатҳои ахлоқии «гуфтори нек», «рафтори пек» ва «пиндори пек»-ро талқин кардааст. Дар монавия ҳамин назарияи ахлоқии зардуштия инкишоф ёфт. Мони офаринишн оламро аз се марҳила иборат дониста, дар марҳилаи аввал олами нуру зулматро аз ҳам ҷудо пиндоштааст. Дар марҳилаи дуюм инсон асири олами зулмони шуда, унсурҳои шар бо обу оташ ва хоку бод омезиш пайдо намудаанд. Инсон дар марҳилаи союм бояд аз зиндони олами зулмонӣ озод шуда, батадриҷ тамоми унсурҳои шарро аз худ дур кунад ва ба зиндагии ҷовидонӣ ноил гардад.
Аз таълимоти ахлоқии зардуштияю монавия бисёр равияю ҷараёнҳои фалсафию ирфонии асрҳои миёнаи Шарқу Ғарб ғизои маънавӣ гирифтаанд. Масалан, дар афкори фалсафии мактаби машшоъ хайр ба маънои «вуҷуд» ва шар ба маънои «имкон» дониста шудааст.
Рукни асосии фалсафаи амалиро (илми ахлоқ, тадбири малзил ва сиёсати мудун) дар асрҳои миёна Xайр ва Шар ташкил медиҳад. Дар он тамоми рафтори одамон ба ҳамин ду категорияи ахлоқӣ ҷудо карда шудааст. Илми ахлоқ қувваҳоеро, ки боиси амали Xайр ва Шар дар фаъолияти инсон мегарданд, ба тафаккур, шаҳват ва ғазаб мансуб медонад. Дар афкори ахлоқии мутафаккирони Шарқ, аз ҷумла дар «Ахлоқи носирӣ», «Ахлоқи ҷалолӣ», масъалаҳои Xайр ва Шар аз ҳамин нуқтаи назар баррасӣ шуда, вуҷуде, ки худ бахуд мавҷуд аст, хайр ва вуҷуде, ки мавҷудиятташ ба дигар чиз вобаста бошад, шар дониста шудааст.
Ба фикри онҳо, ақл ҳама вақт толиби хайри ҳақиқист ва шаҳвату ғазаб манбаи шар мебошад. Аз ин рӯ, инсон дар фаъолияти амалиаш бояд оқилона рафтор намуда, аз қаҳру ғазаб худро нигоҳ дорад.
Дар афкори панду ахлоқии классикони адабиёти форс-тоҷик ба масъалаи Xайр ва Шар аҳамияти зиёд дода шудааст. Дар эҷодиёти онҳо сифатҳои неки инсони тараннум ёфта, одамон ба кори хайр, некию некномӣ, накӯкорӣ ҳидоят шудаанд ва бадию хислатҳои разилии инсонӣ мавриди таъну мазаммат қарор гирифтаанд. Дар осори бадеии шоирону нависандагон кори хайру амри шар бо роҳу воситаҳои гуногун ва образҳои рангин тасвир шудаанд. Дар воқеъ, номи қаҳрамонони як афсонаи «Ҳафт пайкар»-и Низомии Ганҷавӣ Хайр ва Шар мебошад. Номи қаҳрамонони мазкур ба хислату амал ва рафтору кирдори онҳо хеле мувофиқ буда, ғояи асар дар муборизаи ду қувваи ба ҳам муқобил ғалаба кардани некӣ ба бадӣ мебошад, ки асоси фалсафиаш дар Авесто баён шудааст. Нигаред низ Некӣ ва бадӣ.
М. Хазратқулов.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …