Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «ХАЙР-УЛ-БАЁН»

«ХАЙР-УЛ-БАЁН»

«ХАЙР-УЛ-БАЁН» тазкираест, ки Ҳодӣ соли 1610 таълиф карда, соли 1626 бори дуюм таҳриру такмил намудааст. Тазкираи умумиест иборат аз муқаддима, ду фасл, хотима ва хатми хотима. Тартиби тазкира алифбоист. Дар муқаддима баъди қисмати анъанавӣ роҷеъ ба таърихи салотини Сафавия сухан рафтааст. Фасли аввал зикри ақволу ашъори шоирони қадим, фасли дуввум (иборат аз чор асл) зикри ашъору рӯзгори 280 шоиру адиби Эрон, Хуросону Мовароуннаҳрро дар бар мегирад. Дар хотима роҷеъ ба шоирони дарбор ва хатми хотима дар бораи олимоне, ки табъи шоирӣ доштанд, сухан меравад. Ҳодӣ анъанаи тазкиранависии Ҷомӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Соммирзои Сафавӣ ва дигаронро идома додааст. Бо вуҷуди баъзе ғалатҳо, «Xайр-ул-баён» дар омӯзиши ҳаёту эҷодиёти шоирони гузашта ва махсусан, муосирони муаллиф аҳамияти зиёд дорад.
Як нусхаи дастнависи «Xайр-ул-баён» дар китобхонаи Музеи Британия маҳфуз аст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …