Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХАЙЁМ – Xайёми Нишопурӣ – Умари Хайём

ХАЙЁМ – Xайёми Нишопурӣ – Умари Хайём

xayyom

ХАЙЁМ Ғиёсуддин Абдулфатҳ Умар Ибни Иброҳим, Xайёми Нишопурӣ, Умар ал-Хайёмӣ (18. 5. 1048, Нишопур—4. 12. 1131, ҳамон ҷо), шоир, файласуф, риёзидон ва ҳайъатшиноси форс-тоҷик; ба тиб, назарияи мусиқӣ ва илми ҷуғрофия низ шуғл дошт. Эҳтимолан аз оилаи косиб (хаймадӯз). Ба қавли Ёраҳмад Ҳусайни Рошидии Табрезӣ — муаллифи маҷмуаи «Тарабхона» Xайём овони бачагиашро дар Балх гузаронида, дар назди шайх Муҳаммади Мансур ном сарвари уламои онҷоӣ таҳсил намуда, то синни 17-солагӣ ҷамеи фанҳои замонашро ба бар кард. Солҳои ҷавониаш ба аҳди аввали забткориҳои Салҷуқиён рост омаданд ва ин буд, ки ӯ Хуросонро тарк гуфта, минбаъд дар Самарқанд (дар паноҳи қозикалон Абӯтоҳир) ва Бухоро (дар паноҳи ҳокими онҷоӣ Шамсулмулуки Қарахонӣ) ба кору эҷод пардохт. Дар синни 26-солагӣ бо дархости Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ ва вазири ӯ Абӯалӣ Ҳасан ибни Алӣ маъруф ба Низомулмулк ба Исфаҳон рафта, ба ташкили расадгоҳ шурӯъ намуд. Мурод аз ин иқдом ислоҳи солшумории шамсии зардутатӣ (нигаред Солшуморӣ) буд. (Ин солшуморӣ дар аҳди Яздигурди сеюм 16 -июли соли 632 ҷорӣ шуд).
Дар арзи солҳои 1074—79 уламои ҳайъатшиноси Исфаҳон (Абӯҳотам Музаффари Исфизорӣ, Абулаббоси Лукарӣ, Абдурраҳмони Хозинӣ ва Маймун ибни Наҷиби Воситӣ) бо сарварии Xайём ислоҳу такмили солшумории шамсиро анҷом дода, 25марти ҳамон сол ба истилоҳ Тақвими Ҷалолӣ (Таърихи Ҷалолӣ)-ро ҷорӣ намуданд, ки аз солшумории пешинаи яздигурдӣ аниқтар буд. Соли 1092 баъди кушта шудани Низомулмулк ва вафоти Маликшоҳи Салҷуқӣ расадхонаи Исфаҳон баста шуд ва Xайёмро зарурате пеш омад, ки ба лоитахти нави сулолаи салҷуқӣ — Марв равад. Дар охири умр Xайём ба Нишопур баргашта, дар танҳоӣ ва бенавоӣ зиста, дар ҳамон ҷо хок шуд.
Соли 1934 бо мадади ҳаводорони Xайём дар сари қабрй ӯ мазори боҳашамате сохта шуд.
Ашъори Xайём дар таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик ва ҷаҳон Xайём ҳамчун муаллифи як силсила рубоиҳои иҷтимоию фалсафӣ машҳур аст. Дар боби теъдоди умумии рубоиҳо, ба худи Xайём тааллуқ доштан ё надоштани бархе аз онҳо миёни мутахассисопи адабиёти классикӣ баҳс ҳанӯз қатъ нашудааст. Мавзӯи асосии минётураҳои муназзами Xайём, ба ҷуз таззоди неку бад, ки аз мавзӯъҳои анъанавии назми классикии ҷаҳонист, таносуби озодии ирода ва тақдири инсон, рӯзгори кӯтоҳи одамӣ ва бақои абад мебошад. Танқиду мазаммати ақоиди дини рошидӣ дар боби охират, муқобалаи гуфтори қолабию рафтори қалбакии рӯҳониёни мусулмон, муқоисаи «холисона»-и неъмати нақди «ин дунё»-ю маишати насяи «он дунё» ҳам аз мавзӯъҳои суннатии ашъори ӯст. Xайём намояндаи барҷастаи адабиётест, ки аз оғоз гуманизми олишонро таъйиду тарғиб мекард. Камоли матлуби эстетикию этикии ин адабиёти эҳёӣ бошад, инсони соҳибиродаву маънан мухторест, ки аз мақому мавқеи худ дар силсилаи маротиби ҳастӣ пайваста авдеша меронад ва ҷояш ояд, ҳатто бо худову расулаш руирост баҳсу мунозира карда, барои истиқлоли маънавияш мубориза мебарад. Аз ин ҷиҳат, бесабаб нест, ки Xайём дар муҳокимаи дилеммаи фалсафию ахлоқии «сарнавишти азалӣ ё озодии ирода», ки миёни фақеҳони исломӣ ва файласуфони озодандеши он давра мавриди баҳсу андеша қарор гирифта буд, ширкат варзид ва зимни он, басе пардапӯшона бошад ҳам, ақидаҳои бидъатомез ва зиддидинии худро баён намуд. Дар воқеъ, ҳангоми боздиди назар кардани рубоиёти Xайём чунин вонамуд мегардад, ки у таълимоти мазҳабиро дар хусуси ба тақдир вобаста будани пиндору рафтори инсои мӯътақид будааст. Вае кас ба мантиқи афкору аъмоли Xайём зеҳн монда, ба зудӣ бовар мекунад, ки асли мақсаду мароми шоири фалсафимашраб тамоман дигар аст. Дар яке аз рубоиҳояш Xайём бо оҳанги маъюсию ночорӣ мегӯяд:
Мо лӯъбатаконемӯ фалак лӯъбатбоз,
Аз рӯи ҳақиқат ин, на аз рӯи маҷоз:
Якчанд дар ин бисот бозӣ кардем,
Рафтем ба сандуқи адам як-як боз!
Аммо ҳангоми ин рубоиро бо дигар рубоиҳои ҳамғояи Xайём муқоиса кардан маълум мегардад, ки вай маслаки хосеро дорост; эътирофи аз рӯи қазову қадар муайян шудани рафтору кирдори инсон фақат як ҳалқаи афкори Xайём аст, кн тавассути он муаллиф хулосаи матлуб мебарорад; шоир хостааст, ки ба ин василаи бадеию мантиқӣ ҳама гуна рафтору кирдори одамон, аз ҷумла амру амали аз назари дину диёнат нодуруст (ҳатто куфру илҳод)-ро ҳақ барорад. Дар оғоз Xайём худро ба нодонӣ зада бо оҳанги фурӯтанӣ ба Аллоҳ муроҷиат мекунад ва зимнан мегуяд:
Ё раб! Ту гилам сириштаи, ман чӣ кунам?
Пашму қасабам ту риштан, ман чӣ кунам?
Ҳар неку баде, ки ояд аз ман ба вуҷуд,
Ту бар сари маи навиштаи, ман чӣ кунам?!
Дар анҷом бошад, шоир дар таълимоти шин қазову қадар ва ҳисоби ҳашр ихтилофро ошкор сохта, ба маламату мазаммат мегузарад ва аз худои исломӣ рӯирост мепурсад:
Чун рӯзи азал маро чунин сохтаӣ,
Аз баҳри чӣ дар дӯзахам андохтаӣ?
Аксар муҳаққиқони эҷодиёти Xайём дар таъбири ашъораш ба тафриту ифрот роҳ дода, сирату саноти ҷустуҷӯҳои бадеҳо фалсафии ӯро таҳриф карданд. Масалан, онҳо аз рӯи басомади истифодаи истилоҳи қазову қадар дар рубоиёти Xайём ҳукм кардаанд, ки гӯё шоир ҳомили ақидаҳои скептикию пессимистӣ ва ҳатто агностикӣ буда, ба тарғиби бадеии навмедию маъюсӣ пардохтааст. Ба қавли дигарон, Xайём гӯё одамиро бозичаи беиродаи тақдири азалӣ дошт, дар фалсафа ба андешаи ҷабр пайравӣ мекард. Xайёмпайрави фирқаи ҷабария набуд. Лекин ӯ аз ҷумлаи шоирони озодандеше буд, ки мекӯшиданд аз таълимати расмии ҷабария ба ҳадди имкон хулосаҳои матлуби фалсафӣ бароранд. Xайём ин таълимоти нимдинию нимфалсафиро «суиистеъмол» намуда, дар зимни вай ғани қонӯнӣ будани ҷараёни ҳодисот ва ниҳоди детерменистӣ доштани падидаҳои табиату ҷамъиятро таъйиду собит мекард.
Бар замми ин, бояд ба назар гирифт, ки Xайём дар баробари шоири фалсафимашраб буданаш, олими табиашинос низ буд ва аз ин ваҷҳ сириштан ба ҷаҳонбинии материалистӣ майл дошт. Пас, дар рубоиёти Xайём қазову қадар маънии маҷозӣ дошта метавонист ва аслан ба мафҳуми фалсафии «сабабият» (детерминизм) мусовӣ буд.
Дигар мафҳуме, ки боиси каҷфаҳмиҳои ашъори Xайём гардидааст, «май» («бода», «шароб») мебошад. Дар зимни таъбири ҷудогонаи чанд рубоие, ки дар онҳо пайваста хондани «китоби хуррамӣ», «май хӯрдану коми дил рондан» ва «ғами ҷаҳон ҳеҷ насанҷидан» талқин мешавад, бархе ховаршиносон май ва майтусориро мавзӯи асосии ашьори Xайём дониста, ӯро яке аз тартибгарони шарқии этикаи эпикурӣ ва гедонизм хондаанд. Ва ҳол он кн «май» барои Xайём ҳамагӣ образи шоиронае буд, ки таяаюсути он фикру андешаҳои мулҳщанаи худро тамасхурамезона ба қалам овардааст (хосса дар боран пиндору рафтори риёжорояап «соҳиби фатво», ки «хуни касон» мехӯрад, дар қиёси қаҳрамони лирикии шоир, ки «хуяи разон» хӯрад ҳам, аз ӯ пуркортар бувад.)
Сабку услуби баёни Xайём салнсу сабук ва системаи образҳояш содда буда, забояаш равону фасеҳ аст. Шоир аз истифодаи лафзи тумтароқ, луғоту ибороти подаркори бегоиа ва калимабозиҳои иургиреҳупуртакаллуф худдорӣ мекунад, ки бесабаб нест. Дар нақдушшеъри классикӣ омадааст, кп сароғози рубоӣ дубайтии халқии тоҷикӣ (таропа) буда, фасоҳат ва вазну зарби хушоҳанг аз махсусиятҳои муҳимми бадеию услубии ин жанри адабист. Чунончи, Шамси Қайс, муаллифи яке аз ёдгориҳои бонуфузи илми адаб «Ал-мӯъҷам фӣ масири ашъори Аҷам» (асри 13), зимни муайяну мушаххас намудани хусусиятҳои жанрии рубоӣ менигорад: «Бояд ки таркиби аҷзои он дурусту қавофӣ мутамаккин ва адфоз азбу маъонӣ латиф бошад ва аз калимоти ҳашву таҷнисоти мутакаррар ва такдиму таъхироти нохуш холӣ бошад. Ва атар ба он чизе аз саноати мустаҳсан ва мустабдаоти матбӯъ, чун мутобиқан латифу ташбеҳи дуруст ва истиороти латифу ташбеҳи мавзун ва илҳоми ширин ёр бувад, накӯтар ояд». Дар асари ин тақозои маънавӣ бечиз нест, ки ноқидони сухан маҳз бурҷи Мизонро «толеи ибдо»-и вазни рубоӣ хондаанд. (Вазни рубоӣ аз ҷумлаи вазнҳои фаръии баҳри ҳазаҷ ба шумор меравад. Ба қавли донандагони фанни арӯз, шоирони араб қабл аз шуарои Аҷам ба ин вазн шеър нагуфта буданд.
Xайём қариб ҳамаи санъатҳои бадеӣ (хосса таъризу киноя, ташхису талмеҳ, тазодду муқобала, илҳом ва таҷоҳули ориф)-ро истифода карда, ашъоре офаридааст, ки сабку услуби бадеии онро саҳли мумтанеъ хондан шояд. Бузургии ӯ ҳамчун шоир дар он аст, ки у «сабза», «кӯза», «хок» ва «кишт» барин мафҳумҳои оддию маъмулро ба образҳои комилу шомили бадеи табдил дода, афкори бикри фалсафиашро дар пероҳани каломи бадеъ гуфта тавонистааст.
Саромади ашъор (рубоиёт)-и фалсафӣ Абӯалии Сино буд. Xайём ин суннати бадеиро бо камоли балоғату фасоҳат идома дода, рубоиҳоеро нигошт, ки онҳоро шӯҳрати ҷовиду офоқгире насиб шудаст. Xайём ҳамчун шоири фалсафаи машраб аввал дар Ёвропа машҳур гашт. Вакте ки Э. Фиссералд дар заминаи рубоиёти Xайём достоне таълиф карда, ба салоҳдиди хонандагони англисизабон пешниҳод кард (1859), шоири моро дар ҷаҳонкам касе мешинохт (Дар асари муаррихн немис Т. Ҳайд «Таърихи дини эрониёни қадим», ки соли 1700 ба табъ расидааст, фақат номи Xайём зикр шуда буд. Соли 1771 бошад, У. Ҷонс дар «Сарфу наҳви форсӣ» ном китобаш тарҷумаи англисии ду рубоии Xайёмро дарҷ кунонд, вале худи ӯро ном нагирифт) Лакин дере нагузашта достони Фисҷералд дар муҳити фарҳангии Европаю Америка нуфузи калон пайдо карда, номи Xайём саргосари як хиттаи бузург густариш ёфт. (То оғози чоряки дуюми асри 20 достони Фисҷаралд қариб 140 маротиба нашр шуда, сатрҳои он дар қатори каломи Таврот вирди забони мардуми Ғарб гардиданд).
Аҳли адаби рус бо Xайём аз охири асри 19 ин ҷониб шинос аст. Аввалин тарҷумаи русии 18 рубоии Xайём мансуб ба қалами В. Л. Величко соли 1894 нашр шуд. Аввалин тадқиқот оид ба эҷодиёти бадеии Xайём дар адабиёти рус соли 1897 чоп шуд, ки ба қалами ховаршинос В. А. Жуковский тааллуқ дошт. То кунун рубоиёти Xайём ба русӣ дар тарҷумаи Ц. Бону, В. Державин, Л. Некоре, Г. Плисецкий, О. Румер, И. Сельвинский, Н. Стрижков, ва И. Тхоржсвский даҳҳо маротиба чоп шуда, нуфузи калон пайдо кардаанд.
Xайём ба забони арабӣ низ шеър гуфтааст. Аз осори арабии ӯ ҳамагӣ 5 қитъа боқист. Сетои онҳо дар тарчумаи Суҳайлӣ Ҷавҳаризода соли 1955 ба тоҷикӣ чоп шуд.
Осори илмии Xайём Ҳарчанд ки Xайём дар замони худаш ҳамчун олими мутафаннин ном бароварда буд, ӯро минбаъд асосан ба сифати шоир қадр кардаанд. Дар Европа нуфузи илмии Xайём фақат дар нимаи дуюми асри 19 барқарор гардид (Аввалҳо дар Европа Xайёми шоир ва Xайёми риёзидонро аз ҳам фарқ мекарданд.
Феҳристи осори илмии Xайём 15 рисоларо дар бар мегирад, ки аз онҳо дутояш ба физика, чортояш ба математика, панҷтояш ба фалсафа ва чортои боқимондааш ба география, астрономия, таърих ва мусиқишиносӣ оиданд (Чортояш ҳанӯз ёфт нашудааст). Ҳаштои ин рисолаҳо ба забони арабӣ ва дутояш ба тоҷикӣ таълиф шудаанд.
Xайём дар ду соҳаи табиатшиносӣ — астрономия ва математика кашфиёте кард, ки ҳамагон ба ганҷинаи илми муосир дохил шудаанд. Ду равияи ба ҳам алоқаманди тадқиқоти астрономӣ — тақвимсозӣ ва тартиб додаии зиҷҳо — аз қадимулайём дар Аҷам анъанаи ғанӣ дошт. Аз ҷумла, бино ба маълумоти андӯхтаи муаррихони илм, ҳайъатшиносони Шарқи Наздик ва Миёна дар тӯли асрҳои 9—15 бештар аз 100 зиҷ тартиб додаанд. «Зиҷи Маликшоҳӣ»-и Xайём аз ҷумлаи онҳост. Онро Xайём якҷоя бо шогирду ҳамкороиаш дар расадхонаи Исфаҳон тартиб дода, ба номи ҳомии худ Маликшоҳи Салҷуқӣ нависондааст. «Зиҷи Маликшоҳӣ» то замони мо нарасидааст. Фақат як қисми он (феҳристи координатаҳои эклиптикии 100 ситораи собита) боқӣ мондааст, он ҳам бошад, дар як дастнависи асри 12 дарҷ шудааст.
Зиҷҳои пешина як навъ қомуси астрономияи назарӣ ва амалӣ буданд. Аз ҷумла «3иҷи Маликшоҳӣ» ҷамъбасту хулосаи мушоҳида ва расадбандиҳоесг, ки Xайём, солҳои 1074 —92 дар Исфаҳон пайваста гузаронида буд. Муаррихони яқин медонавд, Xайём ба остонаи кашфи солшумории нави ниҳоят аниқ ва нисбатан содда расида буд. Солшумории мазкур аз даври 33-сола иборат буда, 8 соли кабиса дорад (Соли ҳаштуми кабисааш баробари 5 сол бувад). Пас, як соли ин навъи «таърихи ҷалолӣ» ба 385X8/33 шабонарӯз ё ба 365 рӯзу 5 соату 49 дақиқаю 3 сония баробар меояд. Агар инро бо соли ҳақиқии шамсӣ (365 шаболарӯзу 5 соату 48 дақиқаю 46 сония) муқоиса намоем мебинем, ки фарқашон ҳамагӣ 17 сония аст! Аз ин мебарояд, ки як рӯзи зиёдатӣ фақат пас аз 5082 сол ҷамъ мешавад. Ва ҳол он ки дар солшумории Григорий (тақвими ҳозиразамон) як рӯзи зоид 1759 сол пештар, яъне баъд аз 3323 сол ҷамъ мешавад.
Мутаассифона, Xайём ва ҳамкоронаш барномаи пешбинишудаи мушоҳида ва расадбандиро пурра анҷом дода натавонистанд. Дар ин бора дар «Наврӯзнома» ном асари тоҷикии Xайём чунин омадааст: «Валекии подшоҳро замона замон надод ва кабиса тамом накарда бимонд».
Аз комёбиҳои илмии Xайём махсусан кашфиётҳои математикии ӯ аҳамияти калон доранд, ки се соҳаи илми риёзӣ—алгебра (алгебраи бисёрузваҳо), назарияи хатҳои мувози ва назарияи нисбатҳоро фаро гирифтаанд. Алгебра (ал-ҷабр) дар муҳити ақлии ховарзамин пайдо шуда, минбаъд (то оғози асри 16) маҳз дар ҳамин ҷо нашъунумӯ кард. Дастовардҳои илмии Xайём дар ин соҳа дар «Рисола фил-бароҳин ало масоил-ил-ҷабр ва-л муқобала» ном асари калони ӯ ҷамъбасту хулоса шудаанд, ки соли 1074 таълиф гардидааст.
Пешгузаштагони Xайём (Муҳаммади Хоразмӣ, Абӯкомили Мисрӣ) дар идомати ҷустуҷӯҳои риезидонони юнонӣ асосан ба ҳаллу фасли муодилаҳои хаттӣ ва квадратӣ шуғл варзидаанд. Xайём бошад, ба тадқиқи геометрии муодилаҳои алгебрӣ пардохта, ёфтани ҳалли муодилаҳои кубиеро вазифаи худ донист, ки ба муюдилаҳои хаттӣ ва квадратӣ табдил намеёбанд (ҳангоми ба х ё х2 тақсим кардани ҳар ду тарафи муодила). Маҳз ба ҳамин проблемаи илмӣ рӯ овардани Xайём сабаб дошт: дар замони ӯ чанд масъалаи физикӣ, геометрӣ ва тригонометрӣ пеш омад, ки ҳамагон аҳамияти амалӣ доштанду бо муодилаҳои кубӣ ифода меёфтанд.
Xайём дар зимни андешаи вазифаи пешомада 14 навъи муодилаҳои дараҷаи сеюмро ҷудо кардаст, ки аз онҳо даҳтояшон аз назари риёзидонони пешин берун мондаанд:
1. x3+qx=r
2. x3=qx+r
3. x3+ r =qx
4. x3+px2+qx+r
5. x3+px2+r =qx
6. x3+px2+qx=r
7. x3+px2+qx=r
8. x3+px2=qx+r
9. x3+ r= px2+qx
10. x3+ qx= px2+r
Xайём ин муодилаҳоро дар заминаи таълимоти риёзидонони юнонӣ дар боби бурришҳои конуси тадқиқ намуд. Математикҳои шарқзамин бо услуби тадқиқи геометрии муодилаҳои алгебрӣ аз рӯи тарҷумаи арабии асарҳои риёзии Архимед ва Аполлони Пергӣ мансуб ба қалами Собит ибни Қурра шинос буданд. Услуби математикии Xайём аз ёфтани бурришгоҳҳои ду хати каҷи тартиби дуюм иборат аст, яъне дар зимни он як муодилаи дараҷаи сеюм бо системаи ду муодила (яке дараҷаи дуюм, дигаре дараҷаи якум) иваз карда мешавад.
Дар рисолаи мазкура дар ҷабру муқобала Xайём барои ҳар як навъи муодилаҳои кубӣ ҷуфт-ҷуфт бурришҳои конусии дахлдор — параболаҳо, гиперболаҳои баробартараф ва давраҳоро нишон дода (абсиссаҳои нуқтаҳои бурриши ин шаклҳои геометри решаҳои муодиларо ифода меокунанд), ҳамчунин шартҳои мусбат баромадани решаҳоро таҳлилу таъбир кардааст. Дар асари номбурда Xайём фақат ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муодилаи кубии навъи даҳум (х3 + qх — рх2 + r) машғул шуда, изҳори умед кардааст, ки муодилаҳои боқимондаро минбаъд ҳал хоҳад кард. (То кунун дигар ягон асари Xайём дастрас нашудааст, ки дар он ҳалли муодилаҳои мазкура сабт гардида бошад). Xайём инчунин бори нахуст дар таърихи илми математика ибрози ақида кардааст, ки муодилаҳои дараҷаи сеюм тавассути радикалҳои квадрати (яъне ба воситаи паргор ва хаткашак) умуман ҳал намешаванд. Ақидаи Xайёмро пас аз 800 сол риёзидони европоӣ П. Л. Ванцел исбот кард. Зимнан услуби математикие, ки Xайём барои ёфтани ифодаҳои аналитикии решаҳои муодилаҳои дараҷаи сеюм пешниҳод кардааст, барои ҳалли муодилаҳои дараҷаи баландтар (хосса дараҷаи чорум) низ ба кор меояд.
Xайём ба инкишофи минбаъдаи назарияи хатҳои мувозӣ низ саҳм гузоштааст. Муҳандиси юнонӣ Уқлидус (Евклид) дар осори риёзиаш панҷ «постулат» (муқаддамот) пеш ниҳода, дар заминаи онҳо бинои илми геометрияро бунёд афканда бӯд. Аз байни онҳо, махсусан, постулати панҷум диққати риёзидонони қарнҳои сониро ба худ ҷалб кард, ки асоси назарияи евклидии хатҳои мувозӣ ба шумор мерафт. Уқлидус постулати мазкурро ин тавр таъриф додааст: «Агар хати росте ду хати рости дигарро бурода гузашта ду кунҷи даруниеро ташкил диҳад, ки ҳосили ҷамъашон аз ҳосили ҷамъи ду кунҷи рост хурдтар бошад, он гоҳ ду хати мазкур дар сурати беинтиҳо давом додан дар ҳамон тарафе, ки он ҷо кунҷҳои дарунии аз кугоҷҳои рост хурдтар ташкил ёфтаанд, якдигарро мебурранд». Бисёр риёзидонони қарнҳои баъдина (Аббоси Ҷавҳарӣ, Абӯалии Сино, Собит ибни Қурра, Абӯалии Басрӣ, Шамсуддини Самарқандӣ ва дигарон) постулати панҷумро ба ҷиҳати мураккабӣ ва чандон аёнӣ набуданаш ба сифати теорама пазируфта кӯшидаанд, ки математикӣ исбот кунанд (яъне онро бо дигар муққаддамоти геометрияи Уқлидус мазмунан пайваста ҳосилаи мантиқии чор постулати боқимонда хонанд).
Xайём дар «Рисола фи шарҳ мо ашкола мин мусодарот китоб-ил-Уқлидус ном асараш, ки соли 1077 дар Исфаҳон нигошта буд, зимши тафсиру тавзеҳи нуктаҳои асосии геометрияи Евклид чанд фикру андешаи бикри риёзиро аз худ афзуд. Масалан, у назарияи нисбатҳои Евклидро танқид карда, кӯшидааст, ки барои ададҳо ва бузургиҳо назарини ягонаи риёзӣ таҳия созад. Xайём исботҳои пешгузаштагонаш (аз ҷумла Абӯалии Басрӣ)-ро рад намуда, дар навбати худ постулати панҷуми Евклидро бо услуби бикр собит кард. Дар зимни ин амри интиқодӣ Xайём бархе нукоги нави ҳандасиро ба қалам овард, ки ба эътимоди муаррихони илми математика бунёни аввалин теоремаҳои геоматрияи ғайриевклидиро ташкил додаанд (масалан, ба истилоҳоти математикӣ мафҳуми чаҳоркунҷаи Хайём-Саккери дохил шудааст, ки дар таърихи ташаккули геометрияи ғайри- евклидӣ нақши равшан боқӣ гузоштааст).
Аз ҷумлаи дигар комёбиҳои математикии Xайём, махсусан, дутояшро алоҳида қайд кардан лозим.
Яке — кашфи ба истилоҳ биноми, Нютон бувад, ки дар «Мушкилотул-ҳисоб» ном рисолаи Xайём сабт гардидааст. Ин асар боқӣ намонда, аммо услуби ихтироъкардаи у дар осори пайравонаш (Насируддиии Тӯсӣ, Чамшеди Кошонӣ ва Алоуддини Қушчӣ) баён шудаст.
Дигаре — пешниҳоди мафҳуми васеътари адад, оне бувад, ки ададҳои иррасионалиро низ фаро мегирад. Xайём натиҷаи тадқиқоти пешаҳдонаш (Собит ибни Қурра, Абӯалии Басрӣ ва дигар)-ро ҷамъбасту хулоса карда, ба таълимоти нави математикии ададҳо бунёд гузошт, ки минбаъд аз тарафи дигар риёзидонони Шарқ (Насируддини Тӯсӣ ва дигар) ва Ғарб (С. Стевин ва дигар) инкишоф дода шуд.
Дар нашру тадқиқи осори математикии Xайём саҳми Б. А. Розевфелд, А. П. Ющкевич (аз СССР), Ғ Ҳ. Муҳосиб (Эрон), Ф. Вёпке (Германия) ва дигар калон аст.
Фалсафаи Xайём Дар ҷанбаи фалсафа Xайём худро шогирд ва пайрави Абӯалии Сино медонист (Ба қавли Байҳақӣ ӯ «Китоб-уш-шифо».-и устодаш дар даст ҷон додааст). Чунончи, «Дархостнома» ё «Рисола фӣ куллият-ил-вуҷуд» ном асарашро, ки соли 1047 ба тоҷикӣ иншо кардааст, таҳти нуфузи фалсафаи машшоия нигошт. Дар он пайдоиши силсилаи маротиби ҳастӣ айнан аз рӯи ақидаи космологии Ибни Сино баён шудааст. Xайём тартиби мавҷудотро ба «тартиби ҳуруф, ки махраҷи ҳар ҳарфе аз ҳарфи дигар аст, ки болои ӯст ва ҳар яке аз дигар хостааст», монанд мекунад. Аз рӯи ин қиёс «воҷибулвуҷуд»-и Ибни Сино ҳарфи алифро мемонад, ки «махраҷи ӯ аз ҳеҷ ҳарфе нест, аз баҳри он ки иллати аввал аст ҷумла ҳарфҳоро». Дар идомаи қиёси мазкур Xайём дар рисолаи номбурда навиштааст: «Пас воҷибулвуҷуд яке аст — на аз рӯи адад, ки гуфтем, яке на адад аст,— аз баҳри он ки ӯро моқабл нест ва иллати нахустин то яке воҷиб кунад. Ва маъмули ӯ ақл аст ва маълули ақл нафс аст ва маълули нафс фалак аст ва маълули фалак уммаҳот аст ва маълуми уммаҳот маволид аст. Ва инҳо ҳар яке бо зери хеш иллатанд. Он чи маълули чизест, лобуд иллати чизи дигар ва ин қоидаро силсилат-ут-тартиб гӯянд».
Дар асоси таҳлилу таркиби панҷ рисолаи фалсафии боқимонда ва рубоиҳои мансуб ба Xайём (зимнан рисолаҳову рубоиёт аз ҷиҳати ғояву мазмун басе ба ҳам муқобил ё мухолифанд) метавон се ақидаро алоҳида ҷудо кард, ки ғолибан ба ҷаҳонбинии ӯ хосанд.
1) Детерминизм. Назари детерминистӣ ба олам (ба силсилаи «сабаб-натиҷа» ё «илат-маълул» тобеъ будани ҷараёни падидаҳои иҷ- тимоӣ ва ҳодисаҳои табиӣ) як ҷузви муҳими ҷаҳонбинии суннатии мардуми эронинажод буд. Пайравони зардуштия ва зарвония падидаҳои ҷисмонию рӯҳониро бо чунон як занҷири ҳамагонӣ пайваста буданд, ки ҳатто амалиёти худо (яздон)-ро фаро мегирифтанд. Абӯалии Сино, ки назариёти пешгузаштагонашро дар заминаи ҳикмати юнонӣ инкишоф дода, як ақидаи томи фалсафиро таҳия сохта буд, айнан ҳамин рукни таълимоти аҷдодашро нуқтаи истинод қарор дод. Дар нақшаи космологие, ки мутааллиқ ба қалами фалсафии ӯст, тамоми ҳастӣ ба ду қиомат — ҳастии зарур (воҷибулвуҷуд) ва қастии мумкин (имконул-вуҷуд) ҷудо шудааст. Ибни Сино робитаи онҳоро дар чорчӯбаи категорияҳои фалсафии «Сабаб» ва «Натиҷа» шарҳ дода, чунин хулоса бароварда буд: Иллати Аввал на фақат аз ҷиҳати зарур бӯдани ҳастиши, балки аз ҳайси зарур будани амалаш (амали ҷаҳовофарӣ) вуҷуди воҷиб аст. Xайём дар пайравӣ ба ин анъанаи фалсафӣ дар рисолаи номбурдаи тоҷикиаш («Дархостнома») чунин мениторад: «Бибояд донист, ки ҳар чӣ мардум дар он андеша тавон бурд, аз се берун нест: ё воҷиб бошад, ё мумкин, ё мумтанеъ. Аммо воҷиб чизе бошад, ки нашояд, ки набошад ва шояд ки бошад. Ва мумкин он бошад, ки вуҷуди он шояд ки бошад ва шояд ки набошад… Ва он чӣ мумтанеъ аст, вучуди ои мумкин набошад». Дар рубоиёташ бошад, Xайём ақидаеро тартиб мекунад, ки мушобеҳ ба детейминизми ҳамагонии зурвонист (ба қонуни муштараки кайҳони — «ҳукми қазо» — тобеъ будани худованд):
Дар гӯши дилам гуфт фалак пиндонӣ;
«Ҳукме. ки қазо бувад, зи ман медони,
Дар гардиши хеш агар маро даст буди,
Худро бирахондаме зи саргардонӣ».
Дар «Ал-ҷавоб-ус-салоса масоил зарурату тазод фи-л-олам ва-л-ҷабр ва-л-бақо» ном рисолаи фалсафиаш Xайём миёни гап ақидаи детермошистиро наҳ зада гузаштааст. Вале ҳангоми эроди ӯро дар контексти тамоми осори фалсафиаш (аз ҷумла рубоиёташ) андеша кардан тасодуфӣ ва ё ҳатто сиёсатомез будани каломи мазкур ошкор мегардад. Аа ҷумла дар «Дархостнома» Xайём мегӯяд: «…Ҷисм ба се қисм аст: афлок ва уммаҳот ва маволид. Ва ин ҳар яке қисматпазиранд ва аҷзои эшонро ниҳоят нест». Зимнан ақидан охира (бениҳоят тақсимпазир будани ҷисм) хилофи ақидам атомистист, ки аз таълимоти маъруфи файласуфони даҳримазҳаби юнонӣ мебошад. Лекин Xайём, мисли Абӯали Сино, ақидаи атомистии мутакаллимонро низ рад мекунад, ки бино ба он замон аз лаҳзаҳои ҷудогонаи вақт таркиб ёфтааст ва дар арзи ҳар яке аз ин лаҳзаҳо олам аз сари нав офарида мешавад. Дар рисолаи «Ал-ҷавоб-ус-салоса…» Xайём ақидан мазкури мутакаллимонро айнан аз мавқеи ғоявии детермиинзм рад мекунад.
2) Циклизм. Дар афкори фалсафии Шарқ (хосса Ҳинду Эрон) ақидае нузуфи калон дошт, ки бино ба он олам мисоли осиёест такрор ба такрор чархзананда ва бозгарданда. Чунончи, Рӯдакӣ дар талқини бадеии ин ақида гуфта:
Басо шикаста биёбон, ки боғи хуррам буд.
Ва боғи хуррам гашт он кучо биёбон буд.
Xайём дар идома ва такмили фалсафии ақидаи мазбури аҷдодаш ғояи
умумитареро пеш ниҳод, ки онро ба истилоҳи ҳозиразамон гирдгардиши кайҳонии материя ном кардан шояд:
Дар коргаҳи кузагаре кардам рой,
Дар пояи чарх дидам истода ба пой.
Мекард далер кӯзаро даставу сар
Аз каллаи подшоҳу аз пои гадой.
Дар тафсиру таъбири ақидаи фалсафиаш Xайём меафзояд:
Давро, ки дар он омадану рафтани мост,
Онро на бидоят на ниҳоят пайдост.
Ин байт далели он аст, ки Xайём., бар хилофи талқини дини ислом, беинтиҳоии ҷараёни замонро қойил аст, ки аз рукнҳои муҳимми фалсафаи материалистист. Ин хулоса аз таҳлилу таъбири дигар нуқтаи Xайём низ бармеояд. У мисли пешаҳдонаш (Закариёи Розӣ, Абӯалии Сино) таълимоти диниро дар боби аз адам (ҳеҷ) офарида шудани олам рад намуда ҳамроҳа азалӣ ва фанонопазир будани табиатро собит кардааст:
Он табиат ҳақикати азалист,
Маънии бенишони ламязалист,
Ки навоофарини сози худ аст,
Абадан парфишони нози худ аст.
3) Антропоцентризм. Xайём вассофи рӯзгори нодиру нотакрори фарди одамӣ буда, ӯро аз байтушшарафи ҳасти ҷой медиҳад. Xайём гуманизми олимақом ва оптимизми баландназарро тарғибу ташвиқ намуда, аз ҷумла менигорад:
Мақсуд зи ҷумла офариниш моем,
Дар чашми хирад ҷавҳари биниш моем.
Ин доираи ҷаҳон чу ангуштарӣ аст,
Бе ҳеҷ шаке, нақши нигинаш моем.
Дар ин рубоӣ ақидаи фалсафае нақш бастааст, ки онро антропосентризм ном аст. Вале мавқеи ғоявии Xайём аз он ақидаи антропосентризме, ки дар адабиёти таърихӣ ва интиқодии фалсафӣ ҳамчун намунаи афкори динию идеалистӣ қаламдод мешавад, ба куллӣ фарқ мекунад; баъд антропосентризми Xайём ботинан тазодди ҷаҳонбинии динист. Дар замони Xайём дину мазҳаби мусулмонӣ ба пояи баланди идеологияи ҷамъиятӣ бардошта шуда буд. Дар чунин шароити танги таърихӣ озодандешони фалсафимашраб маҷбур мешуданд, ки дар танқиди идеологияи хукмрон роҳу тариқи пардапӯшонаро пеш гиранд. Яке аз чушии услубҳои танқиди бавоситаи ислом аз муқобалаи ғайримустақими ақидаҳои мутараққии фалсафӣ ва ақидаҳои иртиҷоии динӣ иборат буд. Ғояи антроносектризмро айнан аз ҷумлаи ана ҳамин гуна ақидаҳои фалсафие бояд донист, ки онҳоро гузаштагони мо дар муқобили теосентризми мусулмонӣ нуктаи истинод қарор дода буданд онҳо бар хилофи ҷаҳонбинии динӣ ва худои афсонавӣ, инсони воқеиро мепарастиданд.
4) номинализм. Яке аз масъалаҳои фалсафие, ки аз худи аҳди бостон сар карда мавзӯи баҳси мутафакирони Шарқу Ғарб буду дар замони Xайём ба мадди назар расид, проблемаи умури кулли (мазмуни онтологӣ доштая ё надоштани мафҳумҳои куллӣ) мебошад. Ин проблемаи зотан мантиқию гвосеологӣ бори нахуст мавриди муҳоклмаву мулоҳизаи бузургони фалсафан атиқа Афлотун ва Арасту қарор гирифта буд. Дар асрҳои миёна Абӯалии Сино масъалаи мазкурро аз сари нав андеша намуда, ба хулоса омад, ки лафз (мафҳум)-ҳои кулли се навъ мешаванд — онҳое, ки: а) «қабл аз ашё» дар зеҳни худованд ба сифати нақши азалии чизҳо вуҷуд доранд, б) «дар худи ашё» таҷассум ёфтаанд ва ё в) «баъд аз ашё» дар тафаккури инсон ба сифати афшураи мантиқии хосияту хислати чизҳои ҷудогона мавҷуданд. Xайём ақидаи Ибни Синоро аз назари интиқодӣ андеша намуда, вуҷуди мафҳумҳои куллиро дар зеҳни худованд рад кард; ба ақидаи ӯ умури кулли фақат «дар ашё» (кавн фи аъён) ва «дар инсон» (вуҷуд фи-н-нафс) мавҷуданд. Аз ин ҷиҳат ақидаи мантиқию геосеологии Xайём ба ақидаи файласуфони баъдинаи европоӣ ба истилоҳ номиналистон — наздик аст. Пайравони номинализм бошанд, бар хилофи тарафдорони реализм, мафҳумҳои куллиро номҳои оинфҳои ашё не, балки фақат номҳои муштарак ҳисоб карда, эълом доштанд, ки ба ҷои онҳо номи чизҳои ҷудогонаро гузоштан мумкин аст (масалан, ба ҷои «хайвон»— номҳои «маймун», «саг», «хирс» ва ғайраро). Бо ибораи дигар, умури кулли ба сари худ мафҳум ё зоте набуда, балки нами номҳост. К. Маркс беасос номинализмро «аввалин ифодаи материализм» нахондааст. Такомули таърихии ақидаи мантиқин Ибни Сино тавассути Xайём ва файласуфони европоӣ (Абеляр ва дигарон) дар оянда ба ташаккули ақидаи материалистӣ дар боби муносибати мафҳумҳои куллӣ ба воқеият мусоидат кард.
Дар қатори осори тоҷикии Xайём рисолаи «Наврӯзнома» аҳамияти калони таърихию фарҳантиро дорост. Дар ин рисола асосан аз таърихи ислоҳу таъдили солшумориҳо, ҷашни Наврӯз ва расму оини ба он марбутк мардуми эронинажод сухан меравад (Аҳли таърих гумонбаранд, ки «Наврӯзнома»-ро Xайём баъд аз сари Низоммулмулк ва Маликшоҳи Салҷукӣ бо мақсади ба тараққии илму фарҳанг ҳавасманд кардани ворисони онҳо нигоштааст. Аз ин ҷост, ки муаллиф бештар дар бораи оини ибратписанди мулуки Аҷам нақл мекунад). Чунончи, Xайём аз «Сабаби ниҳодани Наврӯз» гап кушода, менигорад: «Чӯн бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад; якс он як ҳар 365 рӯз ва рубъс аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи Қамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯэ, ки рафта буд — ин дақиқа натавонад омадан. Чӣ ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад ва Ҷамшед он рӯзро дарёфту «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашв оин овард. Ва пас аз ӯ подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд».
Рисолаи Xайём аа ҷиҳати забону истилоҳ низ басе арзишнок бувад; онро намунаи барҷастаи насри равони тоҷикӣ бояд хонд, ки дар пайравӣ ба сабку услуби адабиёти манзуму мансури асри 10 (содданависӣ) иншо шудаст.
Чараёни зандагӣ, фаъолияти эҷодии Xайём мавзӯи повесту романҳои сершуморе гардидааст, ки ба қалами нависандагони гуногунзабону гуногунмиллат (Г. Гулиа, В. Варжапетян, А. Илёсов, Т. Зулфиқоров ва дигаролн), тааллуқ доранд. Солҳои 1967 —75 М. Воҳидов дар асоси рубоиёти Хайём моноспектакли манзуми «Гуфтугӯ бо худ»-ро ба тоҷики ва русӣ таҳия сохта буд.
Осор: Рубоиёт, Душанбе, 1983, Трактаты, Москв, 1961;
Адабиёт: Турсунов А., Эҳёи Аҷам,
1984; Бертелс Е. Э., Хайям Омар, Э, 1-е издателство, т. 59, Москва, 1935: Морочник С. Б., Розенфелд Б. А., Омар Хайям — поэт, мыслитель, учсный, Сталинабад, 1957; Алиев Р. А., Османов М. Н., Омар Хайям, М., 1959; Розенфелд Б. А., Юшкевич А. Б.. Омар Хайям. Москва., 1965; Брагинский И. С., 12 Миниатюр, Москва. 1976; Зайцев В. Н., Омар Хайём и Эдвард Фитҷералд, дар маҷмуаи: Восток — Запад. Исследования. Переводы. Публикации, Москва, 1982. А. Турсунов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …