Маълумоти охирин

ХАФИФ

ХАФИФ (арабӣ сабук), номи яке аз баҳрҳои фаръии арӯз. Рукни солими хафиф фоилотуи/мустафъӣлун/ фоилотуи (—V /V—/—V)
буда, навъҳои гуногунаш аз омезиши рукни аслӣ (фоилотун) ва 8 зиҳофи баҳри рамал (махбун — фаилотун; махбуни маҳзуф — фаилун; махбуни мақсур — фаилон; аслам — фаълун; аслами мусаббағ — фаълон; мушаъас —мафъӯлун; маҷҳуф — фаъ; маҷҳуфи мусаббаг — фоъ ва аиҳофи махбун — мафоилун (аз рук- ни аслии баҳри раҷаз мустафъилун) ба вуҷуд меоянд. Маъмултарин вазнҳои хафиф инҳоянд: 4. хафифи мусаддаси махбун:(—V /V—V—/УУ )
Сабзаҳо нав дамида, ёр наёмад,
Тоза шуд боғу он нигор наёмад.
(Ҷомӣ).
2. Хафифи мусаддаси махбуни маҳзуф:
(—V /V—V—/УУ—)
Олим он кас бувад, ки бад накунад,
На бигӯяд ба халқу худ накунад.
(Саъдӣ).
3. Хафифи мусаддаси махбуни мақсур:
(—V /V—V—/УУ )
Некбахт он касе, ки доду бихӯрд, Шӯрбахт он кн ӯ нахӯрду надод.
(Рӯдакй).
4 Хафифи муоаддаси махбуни аслам:
(—V /V—V—/ )
Ҳунар омӯз, к-аз хунармандӣ,
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.
(Низомӣ).
5. Хафифи мусаддаси махбуги аслами мусаббағ:
(—V /V—V—/— )
Ҳам забонро фасоҳат аз илм аст,
Ҳам баёнро малохат аз илм аст.
(Биноӣ).
6. Хафифи мусаддаси маҷҳуфи мусаббағ:
(—V /V—V—/ ~)
Ғамза чун тир, зулф чун кир,
Чашм пурхоб, зулф пуртоб.
Шоирони форс-тоҷик дар шакли мусаддаси Хафиф бештар асарҳо офаридаанд: «Ҳафт пайкар»-и Низомӣ, «Ҳашт биҳишт»-и Хусрави Деҳлавӣ, «Силсилат-уз-заҳаб»-и Ҷомӣ ва ғайра
Адабиёт: Сирус Б., Арӯзи тоҷикӣ, Душанбе, 1963; Зеҳнӣ Т.. Санъати сухан, Душанбе. 1979. С. Имронов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …