Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХАЦРЕВИН Захар Львович

ХАЦРЕВИН Захар Львович

ХАЦРЕВИН Захар Львович (5. 9. 1903, Витебск — сентябр 1941, наздпкии шаҳри Борисполи РССУкраина), нависандаи советии рус, журналист. Институти забонҳон шарқии Ленинградро хатм кард (1925). Асарҳояш аз соли 1922 нашр мешаванд. Солҳои 1928—34 ба омӯзиши адабиёту маданият ва табиати Тоҷикистон машғул шуд. Ҳамроҳи Б. Лапин доир ба эҷодиёти С. Айнн, А. Лоҳутӣ, Ғанӣ Абдулло, шоирони халқӣ Давлатшоҳ, С. Рабий мақолаҳо таълиф намуд. Ба қалами ӯ китобҳои «Архиви Сталинобод», «Америка бо мо ҳамсарҳад аст»? (ҳар ду 1932) ва ғайра тааллуқ доранд, ки ҳамроҳи Б. Лопин навиштааст. Xацревин «Одина»-и С. Айниро (ҳамроҳи Б. Лапин), шеърҳои Ҳофиз,С. Айнӣ, Лоҳутӣ, Суҳайлӣ, Паирав ва дигарро ба рӯсӣ гардонидааст. Охири солҳои 30— ибтидои 40 оид ба Шарқи Дур ва чун мухбири ҳарбӣ аз воқсоти ҷангӣ ҳикояҳо ва «Мактубҳо аз фронт»-ро (ҳамроҳи Б. Лапин) навиштааст. Бо медали «Барои хизматҳои ҷангӣ» мукофотонида шудааст.
Адабиёт: Гордон Я. И.. Открыватсли нехоженных троп, Душанбе, 1973.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …