Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЮСУФӢ Ҳабиб

ЮСУФӢ Ҳабиб

habib-yusufi

ЮСУФӢ Ҳабиб (Юсуфов Ҳабибулло; 4. 2. 1916, Самарқанд—22. 2. 1945, деҳаи Вешнучи назди Варшава), шоири советии тоҷик. Аз оилаи мударрис.

Ун-ти Самарқандро хатм кардааст (1940). Дар Ун-ти мазкур аз адабиёти қадими Юнон ва адабиёти а. 19 рус дарс гуфтааст (1939-40). С-ҳои 1940—42 мудири сектори адабиёт ва ходими илмии Ин-ти таърих, забон ва адабиёти Филиали тоҷикистонии АФ СССР буд. Аввали с. 1942 ихтиёрӣ ба сафи Армияи Cypx рафта, омузишгоҳи ҳарбиро хатм намудааст. Марти 1943 дар рутбаи лейтенант ба сифати командири батареяи артиллерӣ ба фронти Ленинград фиристода шуд. У дар набардҳои озод кардани Ленинград, республикаҳои Наздибалтика ва Польша иштирок намуда, дар муҳорибаҳои шадиди назди Варшава сахт маҷруҳ шуда, пас аз ҷарроҳати вазнин ҳалок гардидааст, Ю. дар бораи адабиёти бадеӣ ва санъати шеър аввалин бор аз падараш маълумот гирифтааст. Шеърҳои навмашқонаи у дар 17-солагиаш ба майдон омадаанд, аммо нахустин намунаҳои онҳо дар матбуоти даврӣ с. 1936 ба табъ расидаанд. Солҳои таҳсил дар ун-ти пурмаҳсултарин давраи эҷодиёти Ю. ба шумор меравад. Маҷм. «Таронаи Ватан» (1939), ки ягона китоби ашъори шоир буда дар айёми зиндагии у интишор ёфтааст, маҳсули ҳамин давра мебошад. Шеъру достонҳои Ю. дар мавзуъҳои гуногун таълиф ёфтаанд. Дар ашъори у саодати занони советӣ ва бахти коргарони тоҷик, нашри симои Тоҷикистон, ҷудрати техникаи нав, мубориза барои сулҳ, дустии халқҳо, мақоми Партияи коммунистӣ дар пешрафтҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва маданӣ тасвир шудаанд. Aммо мавзуи асосии эҷодиёти Ю. Ватан аст. Шеърҳо ва силсилаи мақолаҳое, ки Ю. дар тули 7—8 сол таълиф кардааст, аз муҳаббати халқу Ватан саршоранд. Дар ашъори у ҳиссиёти ватандустии советӣ бо роҳи ифодаи ягонагии тақдири тамоми мамлакати советӣ зоҳир гаштааст. Дар ҳар шеъри Ю. ягон ҷиҳати образи Ватан мавриди тасвир қарор гирифта, бо оҳангу зада ва руҳи ҷанговар, бо мазмуну ғояи нав садо дода аст. Шоир дар. заминаи методи реализми социалистӣ на танҳо имрӯзи Ватани советиро ба хубӣ дидааст, балки ояндаи дурахшони онро низ пеши назар оварда, ҷамъиятро дар инкишофи революционӣ дарк кардааст (шеърҳои «Муҳаббат ба Ватан», 1936; «Ба Ватан», 1937; «Мактуб аз Шарқи Дур», 1938; «Ба ҳар куҷот равем, дил диёри ман гуяд», 1938; «Дар шаъни ҳаёт», 1939 ва ғ.). Тасвири Ватани социалистӣ дар шеъри Ю. бо шаклҳои гуногун сурат гирифтааст. Шоир гоҳо тавассути предметҳои конкрет сухан ронда, дар мавриди дигар мафҳуми образҳои умумиро истифода бурдааст. Махсусан шеърҳое, ки дар ибтидои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) навишта шудаанд, ҳиссиёти ватандустӣ ва душманбадбинии уро дар шаклҳои нав ифода кардаанд (шеърҳои «Муҳаббат ва ҳақиқат», 1940; «Таърих дидааст», 1941; «Интиқом», 1941»; «Мо ба душман зарбаҳои душманафкан медиҳем», 1941; «Аз ҳавою обу замин», 1941; «Ба гитлерзодагон амон нест», 1942; «Лаҳзаи хурсандии ман», 1943 ва ғ.). Шеъри «Муҳаббат ва ҳақиқат», ки дар васфи Партия ва сохти социалистӣ суруда шудааст, сухани тозае дар назми тоҷик мебошад. Дар шеъри «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дусттар» чҷ калимоту таъбирот ва чҷ оҳанги пурҳаяҷони тасвир, чи образҳо ва шакл барои пурқувват баромадани фикр ва бурротар ифода кардани мақсад ёрӣ расонидаанд.

Дар лирикаи Ю. духтари даврони советӣ «лаъли сухангуву қадди дилҷу» дорад, «нигори меҳнат» ва «гули навбаҳори меҳнат» мебошад. Духтари тоҷик дигар мутеу нотавон нест, балки соҳиби фазлу дониш аст, дар ҳалли муҳимтарин корҳои хоҷагии халқ ва масъалаҳои сиёсию ичтимоии давр иштирок мекунад (шеърҳои «Духтари ҳавопаймо», 1936; «Ба духтари меҳнат», 1936; «Такья бар корат кунӣ», 1936).

Ю. дар достонсароӣ низ қувваозмуда, ба баъзе муваффақиятҳо ноил гардидааст. У яке аз муаллифони достони «Оби ҳаёт» (ҳамроҳи С. Айнӣ, М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ) мебошад. Аз архиви шоир «Достони нотамом»-е пайдо шудааст, ки дар он аз сулҳу салоҳ, самараи социализм, тантанаи адлу хирад ва қудрати ҳастии инсон сухан меравад. Аз мактубҳояш бармеояд, ки у ба навиштани як «романи манзум» низ шуруъ карда будааст, вале ба охир расидан ё нарасидани он маълум нест. Охирин шеъри Ю., ки ҳоло ба даст омадааст, «Лаҳзаи хурсандии ман» ном дошта, дар архиви Ин-ти забон ва адабиёти ба номи Рудакии АФ РСС Тоҷ. маҳфуз аст. Ин шеър дар хандақҳои фронти Ленинград таълиф шудааст ва ҳикояти пурҳаяҷоне аз наздик расидани рузи Ғалаба мебошад. Ашъори Ю. шаклу вазни тозае дорад. Вай дар як мақолаи худ гуфтааст, ки «дар масъалаи вазни шеъри як реформаи ҷиддӣ ба вуҷуд овардан ва дар ин ҷо аз таҷрибаҳои Пайрав Сулаймонӣ фоида бурда, онро боз ҳам васеъ тараққӣ додан лозим аст». У худ дар мисраъҳои гуногуни як шеър чанд навъи вазн, зиёда аз он рукни маҳфуз ва рукни мақтуи баҳри хафифро баробар истифода бурдааст.

Як соҳаи назарраси фаъолияти эҷодии Ю. иштироки у дар нақди шеър ва баъзе ҷиҳдатҳои муҳимми назария ва таърихи алоқаҳои адабист. Дар мақолаҳои вай масъалаҳои назми с-ҳои 30-и тоҷик ва муносибати он бо таҷрибаи эстетикии халқҳои дигар, хусусиятҳои адабиёти реалистии рус ва робитаи он бо дастовардҳои шеъри романтикии Ғарб ниҳоят аниқ, таҳлил шудаанд. 10. аз як тараф, анъанаҳои романтикии Байрон, Шиллер, Гёте ва Пушкин, аз тарафи дигар, ба ин созгор омадани поэтикаи назми рус ва образнокии шеъри тоҷикро ба тадқиқ гирифта, дар ин замила сифати он нави адабиёти советии тоҷикро тавзеҳ додааст («Пушкин ва Байрон», 1937; «Боз якчанд калима дар бораи поэзияи имрузаи мо», 1940; «Барои поэзияи муносиби давр», 1940; «Баҳр дар пиёла», 1940; «Шеърҳои зиддифашистии Лоҳутӣ», 1941; «Шоири гениалии рус», 1941 ва ғ.). Муаллифи мақолаҳои «Баъзе фикрҳо дар бораи забони адабии тоҷик» (1939), «Сифатъои дурахшонтаринн назми Рудакӣ» (1940); «Тадқиқот ва кашфиёт» (1941); «Лермонтов ва поэмаи у «Полис» (1941). Тадқиқоташ оиди Низомии Арузии Самарқандӣ нотамом мондааст.

Як ҳиссаи калони эҷодиёти Ю. аз тарҷумаи бадеӣ фароҳам омадааст, Шеъру достонҳои А. С. Пушкин («Бандии Кавказ», «Бародарони ғораттар» ва ғ.), М. Лермонтов («Иблис», «Ба вафоти шоир» ва ғ,), масалҳои И. А. Крылов («Хар ва булбул», «Баргҳо ва решаҳо»), шеърҳои Т. Г. Шевченко («Днепр»), В. Маяковский, асарҳои В. Катаев ва диг. аз тарафи у ба тоҷикӣ тарҷума ва нашр гардидаанд. Ю. дар ҷараёни тарҷума аз эҷодиёти А. Пушкин, М. Лермонтов, В. Маяковский ва диг. таъсири зиёде бардоштааст. Шеърҳо ва баъзе мақолаҳои танқидии у ба забони русӣ ва дигар забони халқҳои Европа тарҷума шудаанд. Бо ордени «Ситораи Сурх» (1944) ва медали «Барои муҳофизи Ленинград» (1943) сарфароз гардидааст. Ғолиби аввалин давраи Конкурси умумииттифоқии ба номи Н. Островский (1967). Аз с. 1939 узви ИН СССР.

Ос.: Маҷмуаи шеърҳо, Д. 1962; Роҳи нотамом, кит. 1—2, Д., 1987; Слово о жизни, М., 1077.

Ад..- Маъсумӣ Н., Шоири ҷанговар, дар кит.: Адабиёти советии тоҷик, Сталинобод, 1954; Мирзозода X.. Ҳабиб Юсуфи Сталинобод. 1960; История советской многонациональной литературы, т. 2, кн. 2, М.. 1972.

Х. Шодиқулов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …