Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХАББОЗИИ НИШОПУРӢ

ХАББОЗИИ НИШОПУРӢ

ХАББОЗИИ НИШОПУРӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 953), шоири форс-тоҷик. Аз ҳамасрони Рудакӣ. Дар сарчашмаҳои адабию таърихӣ оид ба Xаббозии Нишопурӣ ишораҳои мухтасаре ба назар мерасанд. Ба қавли Авфӣ Xаббозии Нишопурӣ шоири фозилу ҳунарманд буда, шеърро ниҳоят равону содда месурудааст. Аз «Хаббозӣ» тахаллус карданаш бармеояд, ки бо касби хаббозӣ — нонвой шуғл доштааст. Осори ба дастомадан Xаббозии Нишопурӣ миқдоран хеле кам аст. Ин чор мисраъ намунаест аз шеъри ӯ:
Мебинӣ он ду зулф, ки бодаш ҳамебарад,
Гӯӣ ки ошиқ аст, ки ҳеҷаш қарорнест.
Не-не, ду ҳоҷиби солори лашкар аст,
К-аз дур менамояд, к-имрӯз бор нест.
С. Воҳидов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …