Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАБАР

ХАБАР

ХАБАР, яке аз сараъзоҳои ҷумла буда, аз тарафи гӯянда тасдиқ ё инкор шудани амал, ҳолат ё аломати мубгадоро ифода мекунад. Xабар ба мубтадо тобеъ буда, онро аз ҷиҳати замон, шахс, шумора ва сиға муайян менамояд. Муносибати грамматикии хабар ба мубтадо ба тарзи зерин сурат мегирад. Xабар 1) амалеро мефаҳмонад, ки аз тарафи мубтадо иҷро шудааст: Ман ба аломати тасдиқ сар ҷунбондам (П. Толис); 2) амалеро мефаҳмонад, ки онро мубтадо қабул кардааст: Дар дигар тарафҳои ҳавлии дарун анбор, ошхона, танӯрхона ва ҳезумхона барии иморатҳои иловагии даркорӣбино ёфта буданд (С. Айнӣ); 3) аломатаро мефаҳмонад, ки он ба мубтадои ҷумла нигаронида шудааст: Рӯяш мисли кулчаи ширмоли Каттақӯрғон сурху сафед, абрӯвонаш сиёҳу дароз, чашмонаш хумор ва дилкаш (Ҷ. Икромӣ); 4) ҳолати мубтадоро мефаҳмонад: Чароғҳо хомӯш шуданд. Аз руи тарзи ифода хабарҳо феълӣ ва номӣ мешаванд. Ба вазиаи хабар асосан феълҳо серистеъмоланд; исм, сифат, шумора, ҷонишин, зарф, масдар, сифати феълӣ, феъли ҳол, нидо ва калимаҳои модалӣ низ ба вазифаи хабар меояяд. Xабар аз ҷиҳати сохт содда ва таркибӣ мешавад. хабарҳои содда аз як калима, аз як калимаю бандакҳои хабарӣ, хабарҳои таркибӣ аз феълҳои таркибии феълӣ, номӣ ва ибораю ҷумлаҳои фразеологӣ ташкил меебанд.
С. Абдураҳимов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …