Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОМПЕЙ Гней

ПОМПЕЙ Гней

gnaeus-pompeius

ПОМПЕЙ Гней, Кабир (Gnaeus Pompeius Magnus) (106—48 то мелод), сарлашкар ва ходими сиёсии Рим. Соли 83 то мелод ба Сулла наздик шуд. Баъди вафоти Сулла дар пахшкунии шӯриши Лепид (солҳои 78—77 то мелод), дар ҷанги зидди Серторий дар Ис­пания (77—72 то мелод), пахш кардани шӯриши Спартак (71 то мелод) иштирок намуда, аввалҳо тартиботи ҷорикардаи онро тарафдорӣ намуд. Соли 70 то мелод Помпей (бо ҳамроҳии Красе) як қатор қонунҳои Сулларо бекор кард. Аз соли 66 то мелод дар ҷанги зидди Митридати VI Евпатор фармондеҳи лашкари римиҳо буд, ки вай бо ғалабаи онҳо ва ташкили музофотҳои нав (Вифиния, Понт, Сурия) анҷом ёфт. Аз тарафи сенат рад карда шудани чораҷӯйҳои Помпей дар Шарқ ва ба лашкари ӯ тақсим карда додани замин боиси иттифоқ бастан бо Красе ва Сезар гардид. Соли 55 то мелод консул (боз бо ҳамроҳии Красе), баъд водии Испания шуд. Баъди пароканда шудани триумвират (53) Помпей ба оптиматҳо наздик шуд. Соли 50 то мелод фармондеҳи лашкари зидди Сезар интихоб гардид. Соли 48 то мелод дар назди Диррахий (Эпир) ба Сезар зарбаи сахт зад, вале дертар дар назди Фарсал (Фессалия) аз Сезар ши­каст хӯрда ба Миср гурехт ва бо фармони шоҳ Птолемеи XIII Дио­нис кушта гауд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …