СОЯ, лӯбиёи чинӣ (Glysinemax ё G. Hispida), гиёҳи яксолаест аз оилаи лӯбиёиҳо. Пояи рост (баландиаш аз 25 см то 2 м), тирреша, барги мураккаб (аз 3, баъзан аз 4— 5 баргча иборат), гули хурди 5-баргаи бунафш, сурх ё сафед (худгардолудшаванда), ғилофаки рост, каҷи досшакл, ҳамвор ё барҷастаи 2—3- тухма (дарозиаш 3—7 см, бараш 0,5 —1,5 см) дорад. Як бех Соя аз 10 то 400 ғилофак мебандад, донаш лӯнда, байзашакл, мудаввари паҳн ё дарозрӯя ва гурдашакл (вазни 1000 донааш аз 40 то 500 г), рангаш зард, сабз, қаҳвагӣ, сиёҳ ва ғайра.