Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ПРОБЛЕМАҲОИ УМУМИҶАҲОНӢ

ПРОБЛЕМАҲОИ УМУМИҶАҲОНӢ

ПРОБЛЕМАҲОИ УМУМИҶАҲОНӢ, проблемаҳои г л о б а л ӣ, масъалаҳои ҳаётан муҳими замонаро гӯянд, ки дар рафти инкишофи ҷамъият ва инқилоби илму техника сурат гирифта, аз ҷиҳати миқёсу аҳамияташон ба ҳамаи халқу мамлакатҳои дунё баробар дахл доранд. Доираи мазмуну мундариҷаи Проблемаи умумиҷаҳонӣ хеле васеъ аст; онҳо ҷиҳатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, хуқуқӣ ва маънавӣ доранд, ки ба ҳам сахт печидаанд ва дар ҷараёни таъсири мутақобиланд.

problemai-jahoni

Дар байни Проблемаи умумиҷаҳонӣ муҳимтаринашон инҳоанд: 1) муҳофизат кардани насли одамизод аз хатари ҷанги ҷаҳонӣ, аз як сӯ ва аз сӯи дигар — аз таъсири омилҳои зараровари мутаген (афканишоти ионизонанда ва ултрабунафш ва инчунин аз ҳар гу­на қасдҳое, ки ба комёбиҳои илм асос ёбанд ҳам, зотан ба рӯҳи гуманистии илм бегонаанд (аз ҷумла лоиҳаҳои навбаромади аз нав сохтани генотипи одамон ё ба тарзи евгеник «такмил» додани зоти инсон); 2) бо миқдори кофии озуқаворӣ, оби ошомиданӣ ва захираҳои энергетикии дастрасу арзон (аз қабили нафт), таъмин намудани аҳолии зудафзояндаи ҷаҳон; 3) ба ҳам мутобиқ кар­дани дараҷаи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъият ва дина­микаи демографии ҷаҳон; 4) пешгирии офатҳои табиӣ (аз қабили эпидемияҳои пурхатари касалиҳои сирояткунанда) ва ё бартараф сохтани оқибати онҳо.

Ҳодисаҳое, ки проблемаҳои маз­кур инъикоси онҳоанд, ниҳоди муштарак доранд: онҳо аз рӯи қонуни экспоненсиалие инкишоф меёбанд, ки прогрессияи геометриро мемонад. Суръати инкишоф дар навбати худ чунон тез аст, ки охиран ба ҳадди меҳин расида, боиси якбора «таркидан» ва қатъ шудани ҳодиса мегардад. Чунончи, ҳоло миқдори аҳолии Замин айнан аз рӯи қонуни экспоненсиале афзуда истодааст. Агар ин ҳодиса минбаъд ҳам бо суръати ҳозирааш (соле ба андозаи ду фонз) сурат гирад, пас бо мурури замон шумораи аҳолӣ аа ҳад афзуда масъалаи демографӣ хеле те­зу тунд хоҳад шуд.

Вазифаи илмию иҷтимоие, ки ин ҷо cap мезанад, аз ҷумлаи муҳимтарин проблемаҳои умумиҷаҳонист. Равшан аст, ки миқдори аҳо­лии рӯи замин фақат то ҳадди муайян афзуда метавонад. Аз ин ҷиҳат вазифа аз дарёфтани роҳу тариқи илмии инсониятпарваронаи боз доштани афзоиши якзайли аҳолӣ ва ба низом даровардани ин ҷараён аст, ки бояд дар миқёси тамоми ҷаҳон бо саъю кӯшиши умум ба амал бароварда шавад.

Ад.: Капица П. Л., Глобальные научные проблемы ближайшего будуще­го, «Вопросы философии», 1973, Н 2: Фролов И. Т., Наука и гуманистиче­ские идеалы в решении глобальных проблем, «Вопросы философии», 1979, М 6; X о з и н Г. С., Глобальные пробле­мы современности, М., 1982.

А. Турсунов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …