Маълумоти охирин
Главная / Биология / Гиёҳи САЛОМАЛАЙКУМ

Гиёҳи САЛОМАЛАЙКУМ

САЛОМАЛАЙКУМ (Cypcrus rotundus), як гиёҳи маъмулест аз оилаи ғешаиҳо. Пояаш сеқирра, сершумор.
10—60 см қад мекашад. Баргаш борик, одатан нисбат ба поя кӯтоҳ, хӯшагулаш чатрмонанд (дарозиаш 3—10 см), пулакчабаргҳои гулаш бури сурхтоб, баъзан сабзтоб ё сафедча, дона («чормағзак»)-аш гирда ё байзашакли сеқирра, бӯри хокистарранг. Дар решапояаш лӯндачаҳои бисёр дорад, ки дар онҳо оҳар (крахмал) захира мешавад. Дар моҳҳои июн —октябр гул карда, дон мебандад.

cyperus-rotundus-f-web-6-28-15_1443593685
Саломалайкум дар Кавказ ва Осиёи Миёна (қисми ҳамвориву кӯҳсори Туркманистон, ғарби Помиру Олой, ғарби Тиёншон), аз ҷумла дар РСС Тоҷикистон (ноҳияҳои Ҳисору Дарвоз, Тоҷикистони Ҷанубӣ ва мавзеъҳои соҳили дарёи Сир) месабзад. Аксар дар доманакӯҳ, ҷойҳои серрутубат, соҳили обанбору дарёҳо, шибарзамин, қаламзор, ҷигдазор, шолизор, пахтазор ва ғайра (300—1700 м аз сатҳи баҳр) мерӯяд.
Саломалайкум яке аз алафҳои зарарноки пахта, шолӣ ва дигар зироатҳост. Саломалайкумро то гулкунӣ чорво нағз мехӯрад. Хошоки он нисбатан бадхӯр аст. Лӯндачаҳои решаи онро аз қадим ба таом меандозанд, дар тибби халқӣ барои табобати заъфи дил ва ғайра истифода мебаранд. Лӯндачаҳои решаи Саломалайкум 0,5— 0,6% равғани эфир дорад, аз он бӯи кофур меояд.
Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 2, М.— Л., 1963.
А. Мадаминов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …