Маълумоти охирин
Главная / Биология / ҒУЖМКАРАМ

ҒУЖМКАРАМ

ҒУЖМКАРАМ, муғкакарам. карами брюсселӣ (Brassica gemmifera), як навъ карамро гуянд.

Пояаш рост (дарозиаш 50—70 см), баргаш сабз (дарозиаш 18—40 см, бараш 18—32 см). Дар бехи пояаш то 30—40-то «каллакарам» (вазни умумиашон 200—700 г) мебандад. Дар СССР асосан навъи миёнсолию дерпазаки Р,— «Геркулес 1342»-ро мепарваранд. Даври нашваш 8—10 моҳ, Онро охири тирамоҳ ҷамъоварӣ мекунанд. Ғ. назар ба дигар навъҳои карам бештар сафедаҳои зудҳазм, инчунин витамини С. дорад.

karam

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …