Маълумоти охирин
Главная / Биология / ҒУРМОҲӢ

ҒУРМОҲӢ

ҒУРМОҲӢ, ғурримоҳӣ (Hypo-phthalmichthys molitrix), як навъ моҳиест, ки дар обҳои ширин маскан гирифтааст. Вазнаш то 16 кг.

ghurmohi

Дарозиаш то 1 м. Дар ССCP дар д-ҳои Амур, Уссури ва кули Хавка вомехурад; ба Қисми европоии СССР низ оварда шудааст. Ғ. 20 сол умр мебинад. Вобаста ба шароити иқлим дар 3—7-солагӣ болиғ мешавад ва аввалҳои тобистон аз 120 ҳаз. то 1 млн тухм мегузорад. Тақрибан баъди 30 соати oғози инкишоф ҳангоми 23 —25*С будани ҳарор. об аз тухм моҳича мебарояд. Растанӣ, обсабзҳо, нармбадан (моллюск)-ҳо, кирминаи ҳашароти обӣ ва ғ. хуроки асосии Ғ. мебошанд. Моҳичаҳои Ғ. (1,5 см) обсабзҳои майдатарин (микроскопӣ)-ро мехуранд; бинобар ин парвариши Ғ. барои тоза кардани обанборҳо аҳамияти калон дорад. Ғ. моҳии пурқимати саноатист. Қисми хурданбоби F.-и дусола 76,5% об, 15,5% сафеда, 4,7% равған ва 3% хокистар дорад. Дарозии Ғ.-е, ки дар ҳавзаи Амур-мепарваранд, аз 20 то 75 см, вазнаш то 6 кг аст. Дар СССР усулҳои парваришу афзоиши сунъии F.-и сафедро хуб ба рҳд мондаанд. Ҳоло Ғ.-ро дар Тоҷикистон асосан хоҷагиҳои моҳидории р-ни Куйбышев мепарваранд.

Ад., Абдусаломов И. А. Баева.,  В. Г., Линдт И. И.. Олами Тоҷикистон, Д., 1981.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …