Маълумоти охирин
Главная / Биология / ҒУРҒУРАКҲО

ҒУРҒУРАКҲО

ghurghurakho

ҒУРҒУРАКҲО (Pterocletee), як навъ паррандаҳоро гуянд, ки мансуби қатори кафтаршаклҳо (Со1шп-biformes) мебошанд. Сохти баданашон гуногун аст; сари хурд, гардану пой кутаҳ ва болҳои дароз доранд. Ранги F. зарди сурхча аст (бисьёр вақт ҳамранги қум мешаванд). Лонаашонро дар ягон чуқурча ё зери буттаҳои бисьёрсола сохта, 3 (баъзан 2—4) тухм мегузоранд. Тухмҳоро ҳар ду ҷинс зер мекунанд. Чуҷаҳои Ғ. аз тухм пардор баромада (баъди 4 дафта) ҳамон лаҳза лонаро тарк менамоянд. Ғ. дар дашту биёбонҳои ҷан. ғарби Европа, Африка ва Осиё зиндагӣ мекунанд. Ғизояшон асосан тухм ва баргу пояи растанӣ, баъзан ҳашарот аст. Ғ. 1 оила (Pleroclidae) доранд, ки 2 ҷинсро дар бар мегирад: ғурғурак (Pte-rocles; 12 намуд) ва сауда (Syrhap-2 намуд). Дар Тоҷикистон фақат 2 намуди зерқатори F. (F.-и шикамсиёҳ ва саҷдаи тибетӣ) ҳаст. F.-и шикамсиёҳ дар доманаҳои қ-куҳи (Ғурама ва поёноби д-ҳои Вахшу Кофарниҳон зиндагӣ мекунанд. Миқдоран кам аст, бинобар ин муҳофизат мешаванд.

Ад.: Абдусалямов И. Л., Фауна Таджикская ССР, т. 19, ч. 2, Птицы, Д., 1973.

И. Л. Абдусаломов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …