Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҒУРБАТИИ ҲИСОРӢ

ҒУРБАТИИ ҲИСОРӢ

ҒУРБАТИИ ҲИСОРӢ (с. тав. номаълум, Ҳисор — ваф. 1558/59, ш. Аграи Ҳиндустон), шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар зодгоҳаш таҳсил карда, нашъу намо ёфт. Ба тасаввуф таваҷҷуҳ дошт. Ба Ҳиндустон рафта, хидмати дарбори Акбарро ба уҳда гирифт. Девонаш то ҳол дастрас нест. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳо омадаанд. Ин байтҳо аз уст:

Даҳони ёр бо ман душ рамае гуфт пинҳонӣ.

Ки ман сарчашмаи оби ҳаётам ҳеҷ медонӣ?

Қазо ҷудо зи ту хунам чаро намерезад,

Магар зи дасти қазо ин қадар намеояд?

А.Алимардонов

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …