Маълумоти охирин

ҒУРАК

ҒУРАК, Хурак (с. тав. номаълум — ваф. 737). ихшиди Суғд (710 —737). F. баъди аз тахт ронда шудани Тархун ба сари ҳокимият омад. Вақте ки Қутайба баъди ишғоли Бухоро ба Самарқанд ру овард, F. ба ҳокими Шош, ихшиди Фарғона ва хоқони турк муроҷиат карда, онҳоро барои муборизаи якҷояи зидди арабҳо даъват намуд. F. с. 712 дар муҳорибаи назди Андинҷон ба арабҳо зарбаи сахт зада бошад ҳам, вале пеши юриши онхоро гирифта натавонист. Сипас у бо қушуни худ дар қалъаи Самарқанд пинҳон шуд. Дар натиҷаи муҳосираи бардавом F- маҷбур шуд, ки ба Қутайба таслим шавад. Мувофиқи шартнома F. уҳдадор шуд, ки ба арабҳо 2 млн дирҳам ва 3 ҳаз. ғулом медиҳад. Қутайба як қисми қушуни худро дар хонаҳои самарқандиён ҷойгир намуд. F. қалъаи Самарқандро ба ихтиёри ҳарбиёни арабҳо вогузошта қароргоҳи худро ба ш. Иштиҳон кучонд. Ғ. с. 719 боз ба муқобили арабҳои истилогар мубориза оғоз кард, вале ин дафъа ҳам комёб нашуд.

Баъди oн ки Саид ибни Ҳарошӣ с. 721 волии Хуросон таъин шуд, Ғ. бо як гуруҳ феодалон (деҳқонон) ба тарафи арабҳо гуазшт. Ғ. с. 737 бо умеди торумор кардани қушуни арабҳо ба Хуросон ҳуҷум овард ва дар ин муҳориба ҳалок шуд.

Ад.: Самарқанд таърихи, т. 1, Тошкент, 1971.

А. Валиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …