Маълумоти охирин
Главная / Биология / Тортанаки ҒУНДА

Тортанаки ҒУНДА

ҒУНДА, (Lathrodoctes tredocimgul-tatus), як навъ тортанаки заҳрнокро гуянд. Рангаш сиёҳ буда, шикамаш холҳои сурхи гирдашон сафед дорад. Дарозиаш то 2 см; наринааш хурдтар (4—7 мм) аст. Ғ. дар Африкаи Шимолӣ, Осиёи Ғарбӣ, Европаи Ҷанубӣ дида мешавад; дар СССР дар биёбону доманакуҳҳои республикаҳои Осиёи Миёна (аз ҷумла Тоҷикистон) минтақаи дашт (аз Молдавия тод. Енисей), инчунин ҷан. Украина маскун аст. Ғ. бештар дар заминҳои корамношуда, соҳили чуй, ҷарӣ ва ғ. зиндагӣ карда, асосан ҳашарот мехурад. Он аз чарангмор 15 маротиба заҳрноктар мебошад.

ghunda

Ҷои газидаи Ғ. сурхча шуда, баъди 10—15 қад. шикам, миён, қафаси сина ва пойҳо ба дард медароянд; аксар вақт cap низ дард карда, чарх мезанад; одам безобита гашта қай мекунад, нафастанг ва пуст кабуд мешавад. Баъди 3—5 рўз дар пуст доначаҳо медаманд ва ҳоли бемор бад мегардад. Бемор одатан пас аз 2 —3 ҳафта шифо ёбад ҳам, беш аз як моҳ худро бемадор ҳис мекунад. Ҳангоми ёрии тиббӣ надодан баъди 1—2 рўзи газидани Ғ. мурдан мумкин аст.

Муолиҷа: ба вена ё зери пуст фиристодани 30—70 мл зардоби зидди ғунда, 10 мл маҳлули 10 фоизаи сулфати магний (ба вена), инчунин истифодаи доруҳои дил ва бедардкунанда (новокаин, промедол, строфантин ва ғ.). П. И. Марпковский бо гугирдчуб сузонидани (то 1:—2 қад. баъди газидан) ҷои Ғ. газидаро (аз таъсири гармӣ задр таҷзия мешавад) тавсия кардааст.

Аз заҳри Ғ. шутур, гов ва асп бештар зарар мебинанд. Бинобар ин дар ҷойҳое, ки Ғ. ҳаст, аввал чаронидани гусфандон мувофиқи мақсад мебошад, зеро онҳо аз заҳр кам зарар дида, Ғ.-ҳоро поймол мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …