Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи ҒУНД

Дарёи ҒУНД

ҒУНД, дарьёест дар қисми ҷанубии Помир, дар р-нҳои Мурғоб ва Шурвони ВАБК, шохоби рости д. Панҷ. Дарьёро то ҳамроҳ шудани д.Муздайариқсой — Ғурумҷӣ, то резишгоҳи д. Бошгумбаз — Ирикёқ, то ба Яшилкул ҷорӣ шуданаш Алиҷур меноманд. Баъди аз Яшилкул баромадан Ғ. ном мегирад. Тулаш 296 км, масоҳ. ҳавзааш 13700 км2. Дарьё қисман ях мебандад. Дар ҳавзаи дарьё зиёда аз 270 кул даст, ки калонтарини онҳо Яшилкул ва Сассиқул мебошанд. Ба водии дарьё ҳодисаҳои тармафароӣ ва хатарисел хос аст. Дар Ғ. ГЭС-и ба номи В. И. Ленин (дар ш. Хоруғ, иқтидораш 930 кВт) сохта шудааст.

Ю. Усков.

reka-gund

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …