Маълумоти охирин

ҒУНЧА

ҒУНЧА, гулғунча, ғунчаи гул, пунбаки гул, гули ношукуфтаро гуянд.

gmcha

Дар F. ҳама узвҳои гул (косабарг, гулбарг, гардбарг, гард, гарддон, гардгирак, гарднайча, тухмдон, шаҳддон ва ғ.) ба хубӣ ташаккул ёфтаанд. Аз руи F. бисьёр вақт диаграммаи гул (ниг. Гул), ҷойгирии мутаносиби узвҳо, хусусиятҳои морфологии растаниҳо (оилаҳои гуногуни наботот) ва ғ-ро меомузанд. Гулғунчаи бисьёр растаниҳо барои тиб, атриёт, саноати хурокворӣ ва ғ. аҳамияти калон дорад. Мас-, як навъ хушбуиро, ки бо номи мехак, инчунин қаранфули гардан маъмул аст, тавассути хушконидани F.-и гулҳои дарахти ҳамешасабзи қаранфул ҳосил мекунанд. Онро дар қаннодӣ, саноати консерв, атриёт, машрубот ва ғ. фаровон истифода мебаранд. Таоъмро монанди мурч, зардчуба, дорчини ва г. хуштаъму хушбуй менамояд. Очори F.-и гули кавар низ хуриши хуб ва давоист.

М. Ҳоҷиматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …