Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҒУЛОМАЛИЕВ Ғуломҳайдар

ҒУЛОМАЛИЕВ Ғуломҳайдар

ҒУЛОМАЛИЕВ Ғуломҳайдар (1904, деҳаи Вамари ҳозира р-ни Рушони ВАБК—19. 4. 1961, Москва, дар Душанбе мадфун аст), хореограф, оҳангсоз ва навозандаи советии тоҷик. Арт. Халқии СССР (1957). Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз с. 1943. Яке аз асосгузорони санъати мусиқӣ ва рақси касбии Бадахшони Советӣ. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. С. 1933 дар назди клуби p-ни Рушон дастаи ҳаваскорони санъатро ташкил намуд.

С-ҳои 1940—41 артисти Ансамбли тарона ва рақси Помири Филармо-

минбаъд, то охири умр роҳбари админ ансамбл буд. Ғ. ҳамчун хореограф ва оҳангсоз дар ривоҷу равнақи санъати миллии тоҷик ҳиссаи босазое гузошт. Беҳтарин оҳангҳои эҷодкардаи у бар ашъори халқӣ ва шоирони тоҷик инҳоянд; «Нола кунам», «Салом аз Бадахшон», «Пахтакорон», «Маҳбуба», «Бадеҳа», «Суруди меҳнат», «Баҳори Бадахшон», «Суруд дар васфи Москва» ва ғ. Ғ. дар таълиму тарбияи ҳунарпешагони ҷавон хизмати арзанда кардааст. Ансамбли бачагон, ки солҳои ҷанг дар Бадахшон ташкил карда буд, асоси Ансамбли тарона ва рақси Помир гардид. Г. Завқибеков, Н. Раҳметова, С. Бандишоева, Ғ. Худоёрбекова, С. Шоисмоилова ва ғ. шогирдони уянд.

Ғ. иштирокчии Даҳаи санъати тоҷик ва Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик (дар Москва, с-ҳои 1941 ва 1957) буд. Бо медалҳо ва Грамотаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ- мукофотонида шудааст.

Ад.: Назаров М., Санъати халки тоҷик, Д., 1961.

Д. Хушқадамов.

 

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …