Маълумоти охирин

ҒУЛОМ

ҒУЛОМ (ар. — банда, бандаи зархарид),

1) бандаҳои зархарид дар мамлакатҳои мусулмонии асрҳои миёна;

2) Гвардияи савораи доимӣ дар хилофати Аббосиён, ки дар аҳди халифа Маъмун (ҳукмр. 813— 833) аз ғуломони ҷавони аз хориҷа харидашуда (асосан туркнажод) ташкил меёфт. Сарбозоии гвардияҳои дарбории дигар давлатҳои мусулмонии асрҳои миёна (муродифаш мамлук, ниг. низ Мамлукҳо) ҳамчунин ном доштанд.

ghulom

3) Дар Империям Усмония — сарбозони қатории лашкари феодалон.

4) Дар Салтанати Деҳлӣ (Ҳиндустон) — сарбозони ғуломи туркнажод ва султонҳои Деҳлӣ (с-ҳои ҳукмрониашон 1206—90), ки аз ҳайати фармондеҳии  ин сарбозҳо баромадаанд.

5) Яке аз синфҳои асосии ҷамъияти ғуломдорӣ, ки аз тамоми ҳуқуқҳои ичтимоӣ ва сиёсӣ маҳрум буд (ниг. низ Сохти ғуломдорӣ)

300-300

 

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …