Маълумоти охирин

ҒУЛМУШ

ҒУЛМУШ, ҳойбурғак (Ochoto-nа), як ҷинси ҳайвони ширхури заргушмонандро гуянд. Дарозиаш то 2о см, гушаш кутоҳ, думаш кутоҳи зоҳиран ноаён (60—80 мм). Пойҳои пешу қафояш қариб якхелаанд. Тобистон рангаш аз зардча то қаҳваранги сурхтоб, зимистон зардчаи хокистарист. Дар дуньё 12 намуди Ғ. зиндагӣ мекунад. Дар СССР 7 намуди Ғ. ҳаст. Ғ.—ҳо дар маҳалҳои кушоди доманакуҳу куҳ (то баландиҳои 6 ҳаз. м аз с. б.), қисмаи даштҳои ҳамвор ва минтақаҳои серсанги шағалзор маскан мегиранд. Гала-гала зиндагӣ мекунанд. Тамоми рўз ва шомгоҳ серҳаракатанд. Овози Ғ. чирросӣ аст. Ғ. ҳайвони алафхур буда, барои зимистон то 20 кг алаф ва шохчаҳои хушк захира мекунад. 5—6-то бача мезояд.

ghulmush

Дар Тоҷикистон ду намуди Ғ. вомехурад: Ғ.-и гушкалон (О. гоу-lei) ва Ғ.-и сурх (О. rutila). Дарозии танаи Ғ.-и сурх то 23 см буда, гушаш назар ба гуши F.-ҳои диг. дарозтар (то 31 мм) аст. Тобистон пусташ бури зардчатоб, зимистон хокистарранги зардтоб мешавад. Ғ.-и гушкалон дар шарқи Помир ва қисман дар ҷан. шарқи Бадахшон (то баландии 4800 м аз с. б.) гуруҳ-гуруҳ шуда, бештар дар ковокиҳои санглох ва қисман дар марғзорҳои баландкуҳ хона месозанд. Дар 1 га санглохҳои Помир то 20—25-то Ғ.-и гушкалон вомехурад. Ғ. аз нимаи тобистон cap карда растаниҳоро мехушконад ва барои зимистон дар зери сангу тарқишҳои назди хонааш пинҳон мекунад. Дар як сол 2—3 маротиба (аз апр. то июль) афзоиш мекунад ва ҳар бор 2—5-то бача мезояд.

Ғ.-и сурх низ сокини хоси баландкуҳ буда, аз бисьёр ҷиҳатҳо ба Ғ.-и гушкалон монанд аст. Ҷисман ҳам бо он қариб як хел, вале рангаш дигар хел аст. Пусти Ғ.-и сурх тобистон зарди сурхтоб, зимистон хокистарранг мешавад. Асосан дар қ-куҳҳои Ҳисор, Зарафшон, Туркистон, инчунин Бадахшони шим., ғарбӣ (2000—3500 м аз с. б.) бештар дар санглохҳо (дар 1 га 20—30 cap), дар ковокиҳои санг ва кафидаи шахҳо зиндагӣ мекунад. Аз июнь то авг. барои зимистонгузаронӣ хурок ғун мекунад. То 5—8 кг растанӣ ҷамъ меорад. Дар як сол 2—3 маротиба (аз апр. то июль) насл медиҳад, ҳар дафъа 2—5-то бачаи бино ва пашмдор мезояд. Ҳамлаш 30—32 руз давом мекунад. Бачаҳояш дар баҳори соли оянда болиғ мешаванд. Ғ.-po савсор, қоқум ва диг. ҳайвонҳо дошта мехуранд.

Ад.: Абдусаломов И. А., Баева В. Г., Линдт И. И.. Олами ҳайвоноти Тоҷикистон, Д., 1981; Жизнь животных. Млекопитающие, или звери, т. 6, М., 1971; Фауна Таджикской ССР, т. 20, ч. 1, Ц., 1974; Таджикистан, природа и природные ресурсы, Д., 1982.

Г. С. Давидов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …