Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҒУЛИНГОБ

ҒУЛИНГОБ

ҒУЛИНГОБ, зардолуоб, як навъ нушокии миллии тоҷикист. Fyлингро шуста, ба зарфе андохта, аз болояш оби ширгарм (ҳарор. 25—30’) мерезанд. Сипас, сарпуши зарфро пушида, дар ҷои салқин мемонанд. Баъди як шаборӯз ғулингҳо варам карда, дар об шира пайдо мешавад. Агар ғулинг беҳад ширин бошад, ба андозаи нам шудани оби F. ба он боз як ду маротиба оби ҷуш ҳамроҳ мекунанд. F.-po одатан дар фасли баҳор (дар баъзе маҳалҳо бошад, фасли тирамоҳ низ) тайёр мекунанд. F.-po одатан саҳаргоҳон, инчунин нисфирузӣ ва бегоҳӣ менушанд.

Ад.: Аминов С., Ванукевич А., Таомҳои тоҷикӣ, Д., 1967.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …