Маълумоти охирин

ҒУЛИНГ

ҒУЛИНГ, ғулунг, зардолуи хушк, зардолуқоқ, зардолуи хушконидаро гуянд. Одатан навъҳои сергушту хуштаъми зардолуро мехушконанд (асосан дар офтоб).

ghuling

Баъзан пеш аз хушконидан зардолуро бо гази сулфит буғ медиҳанд ва чунин F.-po «туршак» ҳам мегуянд. Вобаста ба хусусияти навъҳои зардолу F. калондона (навъҳои мирсанҷарӣ, исфарак, хурмоӣ, зарафшонӣ, навоӣ ва ғ.), миёна (бобоӣ, қандак, хусравонӣ ва ғ.) ва резадона (хасак, харчӣ) мешавад. Навъҳои гуногунро ба ҳам омехтан мумкин нест. F.-и офтобӣ ва бо гази сулфит буғдодаро ба навъҳои якум ва дуюм ҷудо мекунанд. F.-и резадона фақат як навъ аст. Диаметри F.-и калондонаи навъи якум зиёда аз 22 мм, навъи дуюм 18 мм мешавад. F.-e, ки аз коркарди заводи гузаштааст, навъи аъло (диаметраш то 26 мм) низ дорад. F- бояд осебнодидаву беҷирм бошад, таъм ва буи табиӣ дошта бошад. F.-и офтобӣ 16% ва заводи 18% намӣ дорад. Дар F.-e, ки онро бо гази сулфит бур додаанд, то 0,01% SOj ҳаст. Аз 5 т зардолуи тар 1 т F. мегиранд. F.-po фаровон истеъмол мекунанд. Дар қаннодӣ низ аҳамияти калон дорад. F. манбаи моддаҳоест, ки барои организми одам хеле заруранд (ниг. ҷадвал).

Ад.: П у л а т о в А., Таджикский абрикос, Д., 1976.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …