Маълумоти охирин

ҒУЛ

ghul

ҒУЛ, махлуқи афсонавиеро гуянд, ки дар нақлу ривоятҳо, афсонаҳои халқӣ, қиссаву достонҳои насри омиёна ва ғ. тасвир шудааст. Ғ. дар куҳҳо, ғорҳо, ҷойҳои дур аз ободӣ, биёбонҳо (Ғули биёбон ах ҳамин ҷост) маскан доштааст. Дар тасаввури мардум Ғ. ниҳоят зуру тавоно, ваҳмангез ва серпашму қадбаланд буда, ба ҳар шакл медаромадааст. У одамонро аз роҳ бароварда, ба онҳо зарари руҳӣ ва ҷисмонӣ мерасонидааст. Дар афсонаҳо ҳодисаи ба одамон тобеъ ва ром шудани Ғ. низ ба назар мерасад. Тасаввурот оид ба Ғ. аз давраҳои қадим вуҷуд дорад. Абушакури Балхӣ Ғ.-po ба сифати образи бадеӣ истифода бурдааст:

Гоҳе чу гусфандон дар ғулҳои май,

Гоҳе чу гул гирди биёбон давон- давон.

Ҳофизи Шерозӣ мегуяд:

Дур аст сари об аз ин бодия, душ дор.

То ғули биёбон нафиребад ба саробат.

Н. Шакармамадов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …