Маълумоти охирин

ҒУК

ghuk

ҒУК, ғукҳо (Bufonidae), як оилаи обхокиҳои бедумро гуянд. Ғ.-ҳо зиёда аз 1200 намуд дошта, дар ҳамаи материкҳо мавҷуданд. Ғ.-ҳо 7 зероиларо дар бар мегиранд: Ғ.-ҳои австралияги (Criniinae), Ғ.-ҳои куҳӣ (Heleophryninae), Ғ.-ҳои ҷанубиамерикоӣ (Psqudinae), Ғ.-ҳои оинадор (Rhinophryninae), Ғ.-ҳои сипарангушт (Elosiinae), Ғ.-ҳои ҳуштаккаш (Leptodactylinae) ва худи Ғ.-ҳо (Ви-foniпае). Ҷинси Ғ. (Bufo) қариб 250 намуд дорад; дар СССР 4 намудаш ҳаст: Ғ.-и муқаррарӣ, Ғ.-и сабз, Ғ.-и муғулӣ ва Ғ.-и қамишзор. Ғ.-и муқаррарӣ (В. bufo) дар бешазор ва боғроту марғзори минтақаҳои шимолию муътадил зиндагӣ мекунад. Дарозиаш то 20 см; рўзона зери санг, байни кундаи дарахтон ва ғ. пинҳон мешавад. Ғизояш ҳашарот, тортанак, лесакҳо, кирми лойхўрак ва ғ. Ғ.-и муғулӣ (В. raddei) дар Сибири Шарқӣ ва Шарқи Дур, Ғ.-и қамишзор (В. calamita) дар ғарби СССР зиндагӣ мекунанд. Ғ.-и сабз (В. viridis) асосан дар Қрим, Кавказ ва Республикаҳои Осиёи Миёна (аз ҷумла Тоҷикиотон) маскун аст. Дарозиаш то 14 см; асосан дар хушкӣ (Ғайр аз давраи тухмгузорӣ) зиндагӣ мекунад. Дар Ҳимолой дар баландии то 4500 м ёфт шудааст. Шомгоҳон ё шабона фаъол гашта, гамбуск, кана, мурча, кирминаи ҳашарот ва ғ-ро мехурад. Пусти Ғ.-ҳо дорои ғадудҳои заҳрбарор аст, ки як навъ моеъи талхмаззаю тезбуй хориҷ мекунанд; моеъ ба луобпардаи ҳайвонот расида онро озурда менамояд. Аз заҳри Ғ. ҷонварони хурд нобуд мешаванд. Ғ.-ҳо аҳамиятнок буда, ҳашароти зараррасони полизу боғотро нест мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …