Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҒУБОР – Мирғулом Муҳаммад

ҒУБОР – Мирғулом Муҳаммад

ҒУБОР – Мирғулом Муҳаммад (1895, Кобул—1978, ҳамон ҷо), муаррих, ходими ҷамъиятию сиёсӣ, яке аз пешвоёни ҳаракати демократӣ-прогрессивӣ дар Афғонистон. Фаъолияти сиёсиаш с-ҳои 20 оғоз ёфтааст. Дар овони ҷавонӣ Ғ. аъзои ҷамъиятӣ «ҷавонафғонҳо» шуда, дар давраи ҳокимияти онҳо (Амонуллоҳхон; 1919—29) дар корҳои он фаъолона иштирок намудааст. С-ҳои 1925—30 корманди сафоратхонаҳои Афғонистон дар Франция ва Германия буд. Аз с. 1932 аъзои «Анҷумани адабӣ» буда, баъдтар ҳамчун аъзои фаъоли давлати «ҷавонафғонҳо» аз ш. Кобул бадарға шуд. То с. 1940 дар вил-ҳои Фарроҳ, Қандаҳор ва Дилманд зиндагӣ карда, ба тадқиқоти илмӣ шуғл варзид. С. 1951 Ғ. ба нашри рузномаи «Ватан» шуруъ намуда, с. 1952 ба ҳабс гирифта шуд. Баъд аз ҳабс Ғ. с. 1956 барои ташкил намудани гуруҳҳои сиёсии зиддидавлатӣ кушиши зиёд намуд. Аз с. 1956 то охири умраш аз тамоми корҳои давлатӣ даст кашида, бештар ба таҳқиқи таърихи гузаштаи Афғонистон машғул шуд. Доир ба таъриху маданияти Афғонистон як силсила мақолаю асарҳо таълиф кардааст. Барҷастатарин асари Ғ. «Афғонистон дар масири таърих» (Кобул, 1967) аст, ки аз тарафи ҳукумати подшоҳӣ таълиф гардид. Қисми охири ин китоб, ки давраи салтанати Ҳабибуллоҳхон (1901—19), Амонуллоҳхон (1919—29) ва Бачаи Садҳо (1929)-ро дарбар мегирад, ба забони русӣ тарҷума шудааст.

  1. Назаров, М. Давлатов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …