Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҒУБОР – Иброҳими Балхӣ

ҒУБОР – Иброҳими Балхӣ

ҒУБОР – Иброҳими Балхӣ (с. тав. номаълум — ваф. 1680/81, Бухоро), шоири тоҷик. Дар Балх таҳсили мадрасаро хатм намуда, ба Ҳиндустон рафт. Дар хидмати дарбор будааст. Сипас, ба Мовароуннаҳр баргашта, дар мадрасаҳои Самарқанду Бухоро мударрис шуд. Ба қавли тазкиранавис Малеҳои Самарқандӣ Ғ. рисолаҳои илмӣ низ таълиф мекард. Ин абьёт аз уст:

Ҳамчун нигин зи номи ту пур шуд даҳони мо,

То номи дигаре наравад бар забони мо.

Савдои сухтан зи сари мо намеравад,

Чуи шамъ агар сафед шавад устухони мо.

Ад.: Суханварони Сайқали рўи замин, Д-. 1973.

А. Мирзоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …