Маълумоти охирин

ҒOЯ

idea

ҒOЯ (аз ap. — ниҳоят, интиҳо, охир, анҷом), 1) шакли дар фикр инъикос ёфтани падидаю ҳодисаҳои реалии объективиро гуянд. Он воқеиятро дарк намуда, дигаргунсозии амалии оламро мақсади асосии худ қарор медиҳад. Файласуфони атиқа аввалин шуда мафҳуми Ғ.-po ба миён гузоштанд. Дар замони нав ҷиҳати назарию маърифатии Ғ. ба мадди назар гузошта шуд. Дар фалсафаи классикии немис Ғ. ҳақиқати объективӣ ва мувофиқати объекту субъектӣ дониста мешуд, ки бо он тамоми ҷараёни инкишоф ба итмом мерасид. Дар фалсафаи марксистӣ Ғ. шакли махсуси инъикоси воқеият пиндошта мешавад. Ғ.-ҳои иртиҷоӣ воқеиятро таҳриф намуда, ба инкишофи ҷамъият халал мерасонанд ва баръакс, Ғ.-ҳои пешқадам ҳамчун ифодакунандаи манфиатҳои синфҳои революционӣ ба прогресси ҷамъият мусоидат мекунанд. 2) Дар фалсафаи классикӣ ба маънои сабаби охирини пайдоиши ашьё истифода мешавад- 3) Дар адабиёт фикри асосии ва хулосаи асари бадеиро ифода мекунад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …