Маълумоти охирин

ҒОСУЛ

ҒОСУЛ, собунак (Anagallis), як ҷинси гиёҳҳои як, ду ва бисьёрсола-ро (аз оилаи Primulaceae) гуянд.

ghosul

Баргаш майдаи яклухт, гулаш кабуд, сафед, сурхтоб, сурхи норинҷӣ, зангуламонанд ё қифшакл; мевааш рўзаи мудаввар, сертухм. Дар Тоҷикистон ду намуди Ғ. ҳаст.

Ғ.-и саҳроӣ (A. arvensis; ниг. расм) растании заҳрнок аст; 5—30 см қад мекашад. Баргаш байзашакл ё дарозруя, сурхтоб, сурхи норинҷӣ ё кабуд. Дар алафзор, бешазори гармсер ва паҳнбарг, нишебиҳои pегӣ ва серсангу шағал, қад-қади ҷуйбор, дарьё ва каналҳо, дашт, боғу киштзор (400—2200 м аз с. б.) меруяд. Дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон месабзад.

Ғ.-и модкин (A. focmina) асосан ба Ғ.-и саҳроӣ монанд аст. Баргаш нештаршакл, байзашакли дарозруя, гулаш кабуд. Дар алафзор, бешазори гармсер ва паҳнбарг, нишебиҳои хушки серсангу шағал, атрофи чашмаҳо, дашт, боғу киштзори аксар ноҳияҳои Тоҷикистон (500—2100 м аз с. б.) меруяд. Гули Ғ. сершаҳд аст. Баъзе намудҳои онро чун гул мепарваранд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …