Маълумоти охирин
Главная / Илм / ҒОРШИНОСӢ

ҒОРШИНОСӢ

ҒОРШИНОСӢ, спелеология (аз юн. spelaion — ғор ва …логия), илмест, ки бо омухтани ғорҳо — пайдоиши онҳо, морфология, микроиқлим, обу наботот, ҳайвоноти ҳозира ва қадимии ғорҳо, боқимондаҳои маданияти моддии одамони асри сангӣ, тасвирҳои рӯи шах, ҳайкалҳо ва тарзи истифодаи имрӯзаи онҳо машғул аст. Азбаски аксари ғорҳои калон дар натиҷаи дар об ҳал шудани ҷинсҳои куҳӣ ба вуҷуд омада, бо ҳодисаҳои карстӣ каробат доранд, Ғ. низ бо каретшиносӣ зич алоқаманд мебошад. Ғ. баробари ғорҳои карстӣ, инчуннн ғорҳоеро меомузад, ки бо роҳи фарсоиш, дефляция, абразия, суффозия, аз таъсири қувваҳои тектоники (ғорҳое, ки аз кафидаҳо пайдо шудаанд), дар натиҷаи ҷорӣ ва шах шудани лава, об шудани ях (ғорҳои яхӣ) ва ғ. ба вуҷуд омадаанд.

ghorshinosi

Ғ. дар нимаи дуюми а. 19 ҳамчун илм ташаккул ёфт. Пайдоиши он бо номҳои тадқиқотчии франсавӣ Э. А. Мартел, олимони австриягӣ А. Шмидл, Ф. Краус, А. Грунд ва В. Кнебел вобаста аст. Ғ. бо геология, минералогия, геоморфология, гидрогеология, гидрология, метеорология ва иқлимшиносӣ, ботаника, ландшафтшиносӣ, зоология ва палеонтология, археология ва таърих алоқамандии мустаҳкаме дорад. Дар СССР бо масъалаҳои Ғ. Ин-ти кастшиносӣ ва спелеологияи Пермь (умуминитифоқӣ), Уфа, Комиссияи карсту спелеологии Ҷамъияти географии СССР (Ленинград) ва секцияҳои сершумори спелеотуризм машғуланд, ки фаъолияти  онҳоро секцияи марказии спелсотуризми Совети марказии оид ба туризм ва экскурсняҳои  ВЦСПС (Москва) назорат мекунад. С. 1953 Конгресси якуми Иттифоқи байналхалқии ғоршиносӣ барпо гардид, ки устави он с. 1965 дар Конгресси 4-уми байналхалқии ғоршиносӣ дар Любляна (Югославия) қабул карда шуд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …