Маълумоти охирин

ҒОРИҲО

ҒОРИҲО (Lauraceao), оилаи буттаву дарахтон ва баъзе гиёҳои паразит (Cassyta)-po гуянд. Барги онҳо ҳамешасабз, дурушт, одатан яклухт, баъзан сепарра. Дар баргу пояи Ғ. ғадудҳои равған ё луобҷудокунанда мавҷуданд. Аз ин ру, онҳо бӯи тез ва махсус доранд. Гули онҳо 6 (гоҳе 4)-баргаш майда, сабзча ё зардтоб мешавад. Мевааш яктухма.

ghoriho

Ғ. қариб 2 ҳаз. намуди растаниҳо (тақр. 50 ҷинс)-ро дар бар мегиранд.

Ғ. растаниҳои хеле муфиданд. Мас., авокадо — Persea drymifolia, ки дар ноҳияҳои тропикӣ ва субтропикӣ меру яд, хеле маъмул аст. Меваи он калон, сергушт, сершира ва хуштаъм буда, то 30% равған дорад. Аз барги дарахти кофур кофур ва равғани эфир мегиранд. Ғop низ хеле машҳур аст.

С. Юнусов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …