Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҒОРИ АМИР ТЕМУР

ҒОРИ АМИР ТЕМУР

ҒОРИ АМИР ТЕМУР, номи якчанд ғори асри сангро гуянд, ки дар ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна кашф шудаанд. Аз ҳама машҳуртарини онҳо дар куҳи оҳаксангии Қаротеппа, дар сарҳади вил-ҳои Самарқанд ва Қашқадарьё воқеъ аст. Ғoppo бостоншиносони экспедицияҳои археологии РСС Узб. тадқиқ кардаанд. Даромадгоҳи ғор аз сатҳи баҳр 1824 м баланд аст. Дарозии роҳравҳо 109 м ва дарозии умумии ғор 350 м. Ғop аз се қабат иборат буда, якчанд толор, роҳравҳои зеризаминӣ ва чоҳҳои амудӣ дорад. Ғори дигар дар наздикии деҳаи Юқормаҷойи вил. Сурхондарьё (8 км шимолтари қуллаи к. Кетманчоптӣ) воқеъ аст. Дар ҳандақи дарозиаш 7 м се қабати маскун (палеолити миёна, неолит ва давраи ғуломдорӣ) ошкор гардид. Дар ин ғор ҳафриёт гузаронда нашудааст.

ghori-amir-temur

Ад.: Ранов В. А., Несмеянов С. А., Палеолити Антропоген Средней Азии, Д., 1073.

В. А. Ранов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …