Маълумоти охирин

ҒOP

ghor

ҒOP, мағора, холигиҳои калони табақаҳои болоии қишри Заминро гуянд, ки дар руи замин як ё якчанд ҷои баромад доранд. Ғ. аз ҳал ва шуста шудани ҷинсҳои куҳии зудҳалша ванда — оҳаксанг, доломит, гаҷ ва ғ. (Ғ.-и карстӣ), инчунин дар процесси суффозия, абразия, эрозияи бод, ҷорӣ ва шахшавии лава, об шудани яхҳо (Ғ.-и яхӣ) ва ғ. ба вуҷуд меояд. Дарозтарин Ғ.-ҳои ҷаҳон инҳоянд: ғори Мамонт (232 км, ШМА), Хёллох (123,5 км, Швейцария), Оптимистӣ (105 км) ва Озёрная (100,6 км, СССР). Дар куҳҳои Тоҷикистон низ Ғ..-ҳо бисьёранд. Аз ҷумла, ғори «Мусофирон» дар р-ни Мурғоби ВАБК, ғори Хоҷа Исҳоқ дар р-ни Айнӣ ва ғори Сомеъ дар назди деҳаи Ёрии p-ни Панҷакент воқеъ гаштаанд- Як қатор ғорҳои ҷаҳон ба объектҳои туристӣ табдил ёфтаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …