Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ноҳияи ҒOHЧӢ

Ноҳияи ҒOHЧӢ

ghonchi

ҒOHЧӢ, райони маъмурӣ дар ҳайати вил. Хуҷанди Тоҷ. Таъсисаш 5 дек. 1929. Масоҳ. район 1588,7 км2. Аҳолиаш 70,2 ҳаз. наф. (1986). Район 7 С. ц. (Яхтан, Ғазантарак, Мҷум, Овчӣ, Калининобод, Росровут, Дальёни Боло) ва як С. п. (Ғончӣ) дорад. Маркази район — птш Ғончӣ.

Терр. район дар нишебии шимолии қ-куҳи Туркистон воқеъ гашта, сарҳади он аз теғи қаторкуҳ (баландиаш аз с. б. то 4743 м, к. Пирях) то ҳамвории водии Фарғона (баландиаш аз с. б. 350 м) тул кашидааст. Рельефи қисми марказӣ ва ҷанубии район асосан аз теппаю адирҳо иборат аст. Аз сарватҳои зеризаминӣ дар район фақат масолеҳи бинокорӣ (санги мармар, гили хиштбоб ва регу шағал) ҳаст.

Иқлими район хушки континентист. Ҳарор. миёнаи июль 20—30*С, янв. аз —2 то —4 С. Дар куҳҳо ҳарор. миёнаи июль 12—15*0, янв. то

— 10, —15*С. Боришоти солона дар пастиҳо 200—300 мм, дар куҳҳо то 700 мм. Дарьёчаҳои асосиаш: Саркат (шохоби чапи Оқсу, ҳавзаи Сир) ва Овчӣ, ки ба воситаи канал ба обанбори Каттасои p-ни Уротеппа мерезад. Барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани обёрии заминҳо дар Ширинсой обанбори Даҳанасой (ҳаҷмаш 42 млн м3) сохта шудааст.

Хок ва набототи район гуногун аст. Хоки ҳамворию доманакуҳҳо асосан хокистарранги муқаррарӣ, хокистарранги тира ва хоки куҳҳо бошад, дорчинӣ ва даштию марғзори куҳист. Дар ҳамворию доманакуҳҳо (то баландии 1200 м) набототи биёбонию нимбиёбонӣ — эфемерҳо, шибоғ, шутурхор, ковил, реша, ҷорубак, кавар, ковул ва ғ., дар куҳҳо (баландиҳои 1200—1900 м) набототи даштӣ — хущадорҳо, лубиёиҳо, чатргулҳо, буттаҳои зирк, настаран, вағнич, бодоми талхак ва ғ. меруянд. Баландиҳои 1900—2800 м-ро минтақаи бешадаштҳо (алафзорҳо, арчазорҳо, бешаҳои дарахтони фарқ, заранг, бушол ва ғ.) ва баландиҳои 2800 м ва аз он болоро минтақаи марғзорҳо субалпию алпӣ фаро гирифтанд. Дар маҳалҳои аҳолинишин ва боғот дарахтони зардолу, себ, нок, муруд, шафтолу, олу, олуболу, гелос, анҷир, анор, биҳӣ, чормағз, тут, санҷид ва токзорҳо бисьёранд.

Дар иқтисодиёти район хоҷагии қишлоқ мавқеи асосй дорад. Махсусан ғаллакорӣ, боғу токдорӣ, чорводорӣ ва кирмакдорӣ ривоҷ ёфтааст. Аз худ кардани заминҳои бекорхобидаи даштӣ Қизилӣ имконият дод, ки соҳаи нави хоҷагӣ — пахтакорӣ ба роҳ монда шавад. С. 1986 район 6 с-зи зироаткорию боғдорӣ ва 4 с-зи чорводор дошт. Майдони умумии заминҳои х. қ. 121884 га, аз ҷумла замннҳои обӣ 12 720 га.

Корхонаҳои саноатии район аз з-ди хишт, филиали ф-каҳои трикотаж ва ҳунарҳои бадеии халқии ш-Уротеппа, аз комб-и хизмати майшӣ, цехҳои нонпазӣ, кулинарӣ, лимонад ва матбаа иборатанд. Район 65 магазин, 68 нуқтаи хуроки умумӣ, 26 нонвойхона дорад. Дар район идораҳои хоҷагии ҷангалпарварӣ (майдони ҷангал 71497 га), шуъбаи районии «Тоҷиксельхозтехника», системаи обёрӣ, идораҳои таъмиру сохтмон, участкаи баистифодадиҳии роҳ, колонаҳой сайёри механиконидашудаи рақамҳои 8 ва 34, филиали базаи автомобилии рақами 36-и ш. Уротеппа мавҷуданд.

Соли хониши 1985/86 район 33 мактаби миёна, 8 мактаби 8-сола, 2 мактаби ибтидоӣ, мактаб-интернат, мактаби мусиқӣ ва омузишгоҳи касбҳои техникӣ дошт. Дар район инчунин театри халқӣ, хонаи пионерон, 20 клуб, 3 хонаи маданият, 28 китобхона ва 18 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ ҳаст.

Дар як касалхонаю таваллудхонаи районӣ, 4 касалхокаи участкавӣ (ҳамагӣ 505 кат), як поликлиника, 7 дорухона, амбулатория, 21 пункти фелдшерию акушерӣ ва ст. санитарию эпидемиологи 96 наф. духтуроии маълумоти олидор, 223 наф. коркунони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ ва 147 наф. фелдшеру акушеркаҳо кор мекунанд. Дар район санаторияи касалиҳои сил, санаторияи бачагона ва лагери пионерӣ ҳаст.

Нақлиёти район автомобилист. Газетаи районӣ «Байрақи Октябрь» аз с. 1939 ин ҷониб нашр мешавад.

В. Сатторов,

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …