Маълумоти охирин

ҒОМРУҚ

ҒОМРУҚ, говқасиркунак, камширак, ширхушккунак, зинҷак, қасирак (Colutea paul-senii), як навъ буттаест аз оилаи лубиёиҳо. То 2 м қад мекашад. Баргаш пармонанд. Хушагулаш 3—15-гула; гулаш зард, норинҷи (моҳҳои май—июнь мешукуфад). Ғилофакаш пуфакмонанд, байзашакл; тухмаш дорчинӣ.  Буттаи хоси Тоҷикистон (қ-куҳҳои Зарафшон, Туркистон, Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шарқӣ, инчунин Помири Ғарбӣ; 800—’2800 м аз с. б.), Афғонистон ва Кашмир аст. Бештар дар минтақаи ҷангалзори гармсер (шибляк) ва паҳнбарг меруяд. Решааш хеле сершоха ва мустаҳкам аст; нишебиҳоро аз обшуй шуданни гоҳ медорад. Дар тибби халқӣ ҷушоби барги ғ.-ро чун доруи исҳоловар тавсия медиҳанд. Буттаи ороишист; гул ва меваи базеб дорад.

ghomruk

Ад.: Запрягаева В. И., Лесные ресурсы Памиро-Алая, Л., 1976; Флора Таджикской ССР, т. 5, Л., 1978.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …