Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҒОЛИБОВА Рена Абрамовна

ҒОЛИБОВА Рена Абрамовна

gholibova-r-a

ҒОЛИБОВА Рена Абрамовна, (тав. 24. 5. 1915, Хуҷанд), сарояндаи советии тоҷик (аввал сопранои лирики, сипас меццо-сопрано). Арт. Халқии РСС Тоҷ. (1941). Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз с. 1942. С-ҳои 1931—34 дар Университети давлатии Осиёи Миёна таҳсил намудааст. С-ҳои 1934—38 дар Комитета радиошунавонии Узбекистон кор кард. Аз с- 1938 артисткаи Театри мусиқии тоҷик (ҳоло Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ). Яке аз нахустин иҷрокунандагони партияҳои асосӣ дар операҳои миллии тоҷик: Гулъизор ва Нушофарин. («Шуриши Восеъ»-и С. Баласанян ва «Коваи оҳангар»-и Баласанян ва Ш. Бобокалонов), Зуҳро («Тоҳир ва Зуҳро»-и А. Ленский), Оиша («Пулод ва Гулру»-и Ш. Сайфиддинов). Ғ. аввалин иҷрокунандаи партияи Кармен («Карметьи Ж. Бизе) дар саҳнаи тоҷик аст. Ғ. инчунин партияҳои Татьяна («Евгений Онегин»-и П. Чайковский), Коичаковна («Князь Игорь»-и Бородин), Оксанари («Запорожи дар он тарафи Дунай»-и Г. Артамовский) хеле самимӣ ва дилчасп офаридааст. Ғ. яке аз аввалин сарояндаҳои эстрадаи тоҷик мебошад. У сурудҳои бастакорони тоҷик ва сурудҳои халқии тоҷики, узбекӣ, озарӣ, қазоқӣ ва диг. халқҳои Шарқро бо маҳорати баланд сароидааст. Ба Эрон ва Афғонистон сафари ҳунарӣ намудааст. Бо ордени «Нишони Фахрӣ» ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷ,- мукофотонида шудааст.

Н. Нурҷонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …