Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҒОЛИБ Мирзо Асадуллоҳ

ҒОЛИБ Мирзо Асадуллоҳ

ҒОЛИБ Мирзо Асадуллоҳ (21. 12. 1797, Акбаробод—15. 2. 1869, Деҳлӣ), нависандаи ҳинду. Ба забонҳои форсию урду эҷод кардааст. Гузаштагони Ғ. аз Самарқанд будаанд. Ғ. дар назди модараш савод бароварда, баъд ба таҳсили Мадраса шуруъ кард. Сарфу наҳви арабӣ, мантиқ, фалсафа, адабиёт, таърих, тиб,ҳдайат, аруз ва мусиқиро худомузӣ кардааст. Аз с. 1825 ба навиштани асарҳои манзуму мансури форсӣ машғул шудааст. Мероси адабии Ғ. аз асарҳои зерин иборат аст: «Куллиёти назми форсӣ» (дорои қасида, ғазал, қитъа, мухаммас, маснавӣ, таркиббанду тарҷеъбанд ва рубоӣ; 10522 байт), «Сабадчин» (ашъори форсӣ, ки баъд аз нашри «Куллиёт»-аш эҷод шудааст, 825 байт), «Мутафарриқоти Ғолиб» (аз ду қисм иборат буда, қисми аввал мактубҳои ба дустон навиштааш, қисми дуюм ду шеъри урду ва ду қитъаю ду маснавии форсиро дар бар гирифтааст), «Сабади боғи ду дар» (асарҳои манзуму мансури охири ҳаёташ), «Дуои сабоҳ» (манзумаест ба сюжети яке аз қиссаҳои арабӣ), «Панҷ оҳанг» (аз панҷ боб иборат буда, мавзуъҳои мухталифро дар бар гирифтааст), «Меҳри нимрӯз» (таърихи хонадони Бобуриёни Ҳинд), «Дастанбу» (тафсили воқеаҳое, ки дар давраи шуриши халқии с-ҳои 1857 —59 дар Деҳлӣ аз cap гузарондааст ва дигар воқеаҳои таърихи он давр), «Қотеъи бурҳон» (дар танқиди фарҳанги «Бурҳони қотеъ»), «Дирафши ковиёнӣ» (фарҳанг), «Осори Ғолиб» (асарҳои ҳаҷман хурди урдую форсиаш), «Девони урду» (аз ғазалиёту қасоид, маснавиёту муқаттаот, рубоиёту мухаммасот ва марсияҳо иборат), «Уди ҳиндӣ» (мактубҳои урдуаш), «Муаммоҳои урду» (асарҳои насрии урдуаш), «Макотиби Ғолиб» (111 адад мактуби урдуаш), «Нодироти Ғолиб» (мактубҳои урдуаш) ва «Нукоти Ғолиб» (рисолаи урду оид ба сарфу наҳви забони форсӣ) ва ғ.

Дар асардои Ғ. мавзуъҳои мухталифи рузгори шоир, аз ҷумла, танқиди зулму золимон, шикоят аз замона, мазаммати макри арбобони дин, бовар ба ояндаи нек, инчунин тасвири рузгори пурдарду аламаш, тасвири манзараҳои зебои табиат, ишқу муҳаббати поки инсонӣ, панду ахлоқӣ, фалсафӣ, ватанпарварию инсондустӣ мавқеи асосиро ишғол мекунанд.

Ос.: Мунтахаби осори форсии Мирзо Асадулло Ғолиб, Д., 1967.

Ад.: Ғаффоров А.. Мирзо Асадулло Ғолиб, Д., 1965.      Л. Ғаффоров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …