Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ХОРУҒ

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ХОРУҒ

ges-khorugh

СТАНСИЯИ ЭЛЕКТРИИ ОБИИ ХОРУҒ, яке аз истгоҳҳои барқии обии Тоҷикистон буда, дар дарёи Ғунд солҳои 1965—72 сохта шудааст. Стансияи электрии обии Хоруғ 5 агрегат дорад: иқтидори умумиашон 900 ҳазор кВт. Агрегатҳои якуму дуюм соли 1970, сеюм соли 1971, чоруму панҷум соли 1972 ба кор даромаданд. Стансияи электрии обии Хоруғ то охири соли 1980-ум 175 млн КВт с қувваи электр ҳосил кард. Сохтмони Стансияи электрии обии Хоруғ дар ноҳияи баландкӯҳи реслублика ба инкишофи микбаъдаи саноат, сохтмон, хоҷагии қишлоқ ва ҳаёти маданию маънавии меҳнаткашони Вилояти Автономии Бадахшони Куҳӣ мусоидат кард. Ҳ. Дӯстов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …