Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОРТЕР Ҷорҷ

ПОРТЕР Ҷорҷ

george_porter

ПОРТЕР (Porter) Ҷорҷ (таваллудаш 6. 12. 1920, Стейнфорт, Йоркшир), фи­зику химики англис, аъзои Ҷамъияти шоҳии Лондон (1960). Дар Унститутҳои Лидс ва Кембриҷ маълумот гирифтааст (1938—1941). Солҳои 1941—1945 дар армия хизмат кардааст. Дар Университетҳои Кембриҷ (1949— 1954) ва Шеффилд (1955—1963) дарс гуфтааст; профессори химия (1963—1966), директори Институти шоҳии Британияи Кабир (аз 1966). Президенти Комитети байналхалқӣ оид ба фотоби­ология (аз 1968); президенти Ҷамъияти химикони Британияи Кабир (аз 1970). Асарҳои асосии Порт ба кинетикаи реаксияҳои фотохимиявии тез дар фазаи газӣ оиданд. Ӯ (ҳамроҳи Р. Норриш) усули фотолизи импулсӣ ва спектроскопияи кинети­киро кор корда баромад, аввалин шуда дастгоҳи фотолизии лазерии импулсиро сохт. Лауреати Мукофо­ти нобелӣ (1967, ҳамроҳи Р. Норриш ва М. Эйген).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …