Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Газетаи Маданияти Тоҷикистон

Газетаи Маданияти Тоҷикистон

«МАДАНИЯТИ ТОҶИКИСТОН», газета, органи Вазорати маданият ва Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Шумораи аввалини он I январи 1981 ба табъ расид, ҳафтае, ду маротиба дар Душанбе чоп мешавад. Гӯшаҳои «Чеҳраҳои ҳунар», «Аз дафтари назм», «Дар арзҳои дӯстӣ», «Эҷоди ҷавонон», «Рассом ва китоб», «Ёднома» ва ғ. доир ба адабиёт, санъат, китобхонаҳо, кори қасрҳои маданият ва симоҳои барҷастаи адабиёт ва санъат мақолаҳо, лавҳаҳо, очеркҳо ва дигар материалҳоро ҷой медиҳанд. Адади нашр тақрибан 90 ҳазор нусха дар соли 1981.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …